Тағйироти кадрӣ: Сафири нави Тоҷикистон дар Беларус

Маҳмадшариф Ҳақдод Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъин гардид.

Номбурда дар ин вазифа Қозидавлат Қоимдодовро иваз кард. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 декабри соли 2017 Қозидавлат Қоимдодов бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония ва Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шуд.

Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Зоҳир Озод муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. То ин муддат дар вазифаи муовини Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод иҷрои вазифа дошт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *