Табиби машҳур Муллозуҳур Тоҳирӣ 70-сола шуд

Имрӯз,  15 апрел, табиби маъруф Муллозуҳур Тоҳирӣ 70 — сола шуд. Номбурда аз зумраи нафаронест, ки тибби анъанавиро бо гиёҳдармонӣ омехта, ба табобати беморон машғул аст. Муллозуҳур Тоҳирӣ ихтироъкор низ ҳаст ва даҳҳо доруву малҳам ва нӯшобаҳоро барои табобати бемориҳои мухталиф ихтироъ кардааст.

Муллозуҳур Тоҳирӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи тибби тоҷик, равонпизишк, кардиолог ва гиёҳшинос аст. Номбурда дар суҳбат ба pressa.tj гуфт, ки 70-солагиашро бо рӯҳияи болида пешвоз мегирад:

“70 барои ман синни калонсолӣ нест, зеро ман ният дорам, ки то 120 солагӣ зиндагӣ кунам. Мароми ман ҳам дар соҳаи тандурустӣ: солимӣ ва дарозумрӣ аст”- мегӯяд, номбурда.

Доктор Тоҳирӣ ба хонандагони мо 3 роҳи содаи солимӣ ва дарозумриро пешниҳод мекунад:

Барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии касалиҳои гуногун ва солимгардонии ҷомеа вохӯрии донишҷӯён бо табиб ва рӯҳшинос “Инсонро на табиб, балки худаш табобат мекунад. Ҳатто, касалии саратон, ки имрӯз табибон онро бедармон арзёбӣ мекунанд, табобатшаванда аст. Аз ҳама роҳҳои одӣ ва осони эмин мондан аз беморӣ инҳоянд:

1. Нӯшидани об на камтар аз се литр дар як шабонарӯз (агар оби чашма бошад, беҳтар);

2. Ҳар рӯз ақалан як маротиба оббозӣ кардан;

3. Шустани рӯдаҳо ҳафтае як маротиба (бо роҳи клизма)”.

Ҳамчунин, ӯ тавсия медиҳад, ки мардум  бештар меваву сабзавот истеъмол кунанд.

“Истеъмоли оби зиёд гардиши хунро дар рагҳо муътадил ва қабули ҳаммом нафаскашии пӯстро таъмин мегардонад. Ҳангоми шустани рӯдаҳо кирмҳои рӯда, ки ангезандаҳои асосии касалиҳои гуногунанд, нест мешаванд ва истеъмоли сабзавоту меваҳо ҷисмро бо моддаҳои зарурии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин месозад” – мегӯяд, номбурда.

Муллозуҳур Тоҳирӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, академики Академияи байналмилалии табибони халқӣ, аъзои Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви Иттиҳодияи байналмилалии нависандагон ва табибони гиёҳшинос, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи байналмилалии «Гиёҳдармонӣ», сардабири нашрияи «Дарду дармон» ва бунёдгузори маҷаллаи «Шифо», муаллифи зиёда аз 60 китобҳои илмӣ-оммавӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *