Дар Душанбе Ниммарафони 12-уми байналмилалӣ баргузор мешавад

Рўзи 16-уми апрел бахшида ба Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони 12-уми байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани чорабинӣ бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт 611530 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ниммарафон соати 09:00-и рўзи 16-уми апрел оғоз гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон ширкат мекунанд.

Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рўзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.

Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Имсол низ барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз бародаршаҳрҳои Душанбе ва шаҳрҳои дўсту ҳамкор даъват шудаанд. Ҳамчунин имсол наврасон низ имкони иштирок дар мусобиқаро доранд. Наврасони 8-10-сола дар масофаи 3 км, 10-12-сола дар масофаи 5 км ва 12-15-сола дар масофаи 8 км сабқат мекунанд.

Фонди ҷоизаҳои Ниммарафони Душанбе имсол 446160 сомониро ташкил медиҳад. 6-гонаи аввал ҳам миёни мардҳо, ҳам миёни бонувон бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мегарданд. Барои ҷойи якум 54600 сомонӣ, ҷойи дуюм 46800 сомонӣ, сеюм 39000 сомонӣ, чорум 31200 сомонӣ, панҷум 28080 сомонӣ ва шашум 23400 сомонӣ муқаррар шудааст.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *