Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Доруи зидди COVID-19 дар Русия пайдо шуд

“Авифавир” – аввалин доруи зидди бемории сироятии коронавирусро  Вазорати тандурустии Русия барои истеҳсол иҷозат дод.

Тавре ки “РИА Новости” хабар медиҳад,  “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои «ХимРар» таҳия карда шудааст ва аллакай иҷозатномаи истеҳсоли ин намуди дорувориро ба даст овардаанд.

https://ria.ru/20200530/1572231777.html

“Авифавир” аввалин  доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст. Доруи мазкур ба паҳншавии коронавирус дар бадани инсон пешгирӣ мекунад.

“Авифавир на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад”,- гуфт директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия Кирилл Дмитриев.

Қаблан академик  Дмитрий Пушкар   эълон карда буд, ки аввалин дору барои табобати коронавирус дар бозори Русия моҳи июн пайдо мешавад. Ба гуфтаи табиб, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус аз як ҳафта зиёд давом нахоҳад кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.