Тантанаи ҷашни 35 – солагии Истиқлол дар Кӯлоб (аксҳо)

5 октябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори – 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки 35 сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи худ – соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид.

“Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем”, – изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи дастовардҳо, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳо то рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба маротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардумро самараи истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб номид.

Ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани даҳҳо ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон бо номи “Хутали қадим” эътирофи байналмилалии фарҳангу тамаддуни куҳани ин диёри бостонии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаву созандаи сокинонаш хеле ободу пешрафта ва симои он куллан дигаргун гардид. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1 октябри соли 2026 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *