Дар чанд минтақаи Душанбе интиқоли об маҳдуд мешавад

Корхонаи «Обу корези шаҳри Душанбе» хабар медиҳад, ки имрӯз, 6 октябр интиқоли оби ошомиданӣ дар як қатор минтақаҳои пойтахт муваққатан қатъ шудааст.

Ба иттилои корхона, сабаби ин ҳолат лойолуд шудани оби дарёи Варзоб дар пайи боришоти зиёди борон мебошад. Барои таъмини бехатарӣ ва нигоҳ доштани сифати оби ошомиданӣ интиқоли он маҳдуд карда шудааст.

Дар эълони корхона вақти дақиқи барқарор шудани об нишон дода нашудааст.

Таъкид шудааст, ки маҳдудият то ба эътидол омадани вазъ ва соф шудани оби манбаи обгирӣ идома хоҳад кард.

Тибқи иттилои «Обу корези шаҳри Душанбе», маҳаллаҳо ва кӯчаҳои зерин ба маҳдудияти обтаъминкунӣ дучор шудаанд:

Ноҳияи Сино:

шаҳракҳои 10 то 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон-1 ва 2, Испечак-1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Наврбоди боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибой, Гиҷдалабод ва кӯчаи Бобо Ҳамдам.

Ноҳияи Исмоили Сомонӣ:

кӯчаҳои Варзоб, Каримов (қисман), Куприна, Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Мухтор ва Нодира.

 Ноҳияи Фирдавсӣ:

 кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Милали Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36 ва хиёбони С. Шералӣ то хонаи №24.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *