Ҳофизи мақом ва посдори мусиқии классикии тоҷик (видео)
Имрӯз Фурқат Саидзода 59 – сола шуд. Фурқат Саидзода – овозхон, мақомсаро, оҳангсоз ва мусиқидони шинохтаи тоҷик 5 октябри соли 1967 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омадааст.
Ӯ солҳои 1986 – 1992 дар шуъбаи овозхонии анъанавии факултаи мусиқии тоҷикии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил кардааст.
Фаъолияти ҳунариашро соли 1992 ҳамчун овозхони ансамбли «Ҷаҳоноро» оғоз намуд. Баъдан дар ансамбли «Дарё» фаъолият карда, солҳои 2005 – 2007 сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқии Телевизиони Тоҷикистон буд.
Аз соли 2007 то имрӯз роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов мебошад.
Фурқат Саидзода аз сарояндагони маъруфи мусиқии классикӣ ва халқӣ буда, шохаҳои «Шашмақом», аз ҷумла «Ушшоқи Ҳисор», «Талқинчаи Сабо», «Мустазоди Рок», «Ушшоқи Хуқанд» ва «Савти Чоргоҳ»-ро бо сабки хоси худ иҷро кардааст.
Маҷмӯаҳои оҳангҳои ӯ бо номҳои «Мутриби ишқ» ва «Навои андалеб» низ ба нашр расидаанд.
Фурқат Саидзода дар чандин кишвари ҷаҳон ҳунарнамоӣ карда, дар ҷашнвораҳои байналмилалии «Шашмақом» иштирок намудааст.
Ӯ бо медали «Хидмати шоиста», унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» ва «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуда, соли 2024 унвони «Ҳофизи халқии Ӯзбекистон»-ро низ соҳиб гардид.
Соли равон бо Ҷоизаи ба номи устоди Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ