«Соҳибмақоми Шашмақом» – китоби нав дар бораи Фурқат Саидзода

Китоби «Соҳибмақоми Шашмақом», ки ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бахшида шудааст, ба табъ расид. Маҷмӯаро рӯзноманигор Сӯҳроби Зиё гирдоварӣ ва таҳия кардааст.
 
Китоб соли 2026 бо тамғаи нашриёти «Адиб» дар чопхонаи ҶДММ «Бебок» бо теъдоди 150 нусха ва дар ҳаҷми 172 саҳифа нашр шудааст.

Фурқат Саидзода имсол барои маҷмӯаи сурудҳои «Сози ватандорӣ» барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ гардид.

Ба гуфтаи мураттиби китоб Сӯҳроби Зиё, замоне ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи «Сози ватандорӣ»-ро ба дарёфти ҷоиза пешниҳод кард, дар матбуоти кишвар силсилаи мақолаҳо доир ба рӯзгор, корномаи ҳунарӣ ва саҳми Фурқат Саидзода дар рушди мусиқии миллӣ ба нашр расиданд. Ҳамин навиштаҳо заминаи таҳияи китоби «Соҳибмақоми Шашмақом» гардиданд.

Маҷмӯа мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва навиштаҳои пажӯҳишгарон, ҳунармандон, адибон ва рӯзноманигоронро дар бораи Фурқат Саидзода фаро гирифтааст. Дар онҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти ҳунарӣ, барномасозӣ, оҳангсозӣ ва пажӯҳишгарии ӯ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Китоб аз се бахши асосӣ иборат аст: «Фурқат Саидзода дар оинаи матбуот», «Фурқат аз нигоҳи Шакурӣ» ва «Аз меҳр то шеър». Дар бахши охир ашъори ба ҳунарманд бахшидаи адибон гирд оварда шудааст.

Аз ҷумла, дар маҷмӯа навиштаҳои ҳунармандон, пажӯҳишгарон ва рӯзноманигорон, аз ҷумла Муҳаммадҷон Шакурӣ, Фароғат Азизӣ, Фирӯз Улмасов, Ҳаётой Мӯъминова, Қудратулло Яҳёев, Фароғат Азизӣ, Матлуба Дадабоева, Султоналӣ Худойбердиев, Ворис, Абдулмаҷид Бобоев, Алӣ Ҷӯра, Хуршед Низомӣ, Амина Шарофиддинова, Умари Шерхон, Синои Холиқ, Муҳтарам Ҳотам, Шаҳобиддини Ҳақназар, Анорбой Назаров, Одил Нозир ва ашъори Бузургмеҳри Баҳодур, Иброҳимҷон Дӯстализода, Султонмуроди Одина, Шамсиддини Қудрат, Маъруф Ниёзӣ дигар муаллифон ҷой дода шудаанд.

Китоб ба ёди устодони Шашмақом Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов бахшида шудааст.

 «Соҳибмақоми Шашмақом» барои шинохти бештари корномаи Фурқат Саидзода ва омӯзиши саҳми ӯ дар ҳифз, муаррифӣ ва рушди ҳунари Шашмақом манбаи тозаи мутолиа хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *