Аз суръати интернет то амнияти шабакаҳо. Ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе
24 сентябр дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ (CAPIF-5) баргузор шуд.
Ин ҳамоиши байналмилалӣ, ки бори аввал дар Тоҷикистон доир мешавад, намояндагони соҳаи алоқа ва ҷомеаи интернетии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро барои баррасии роҳҳои рушди интернет, таҳкими пайвастагии рақамӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ба ҳам овард.
Дар кори он провайдерҳои хизматрасонии интернет, операторони шабака, намояндагони нуқтаҳои мубодилаи трафики интернет, мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои танзимкунанда ва коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ иштирок карданд.
Дар маросими ифтитоҳи форум раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, намояндаи Феҳристи минтақавии интернетии Аврупо, Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Ҳишам Иброҳим, намояндаи Иттиҳоди байналмилалии алоқа Наталия Мочу ва директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Бахтовар Абдусатторзода суханронӣ карданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими форум нигоҳ доштани гардиши трафики интернетии Осиёи Марказӣ дар дохили минтақа ва коҳиш додани вобастагӣ аз масирҳои беруна мебошад. Дар ин замина рушди пайвастагии мустақими шабакаҳо, ташкили долонҳои нави рақамӣ ва имкониятҳои густариши ҳамкории кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, иштирокчиён масъалаҳои ташаккули масири рақамии Осиё – Аврупо, рушди инфрасохтори нахи оптикӣ, истифодаи технологияҳои нав ва баланд бардоштани самаранокии шабакаҳои интернетиро баррасӣ карданд.
Бино гуфтаи масъулини соҳаи алоқаи Тоҷикистон, баргузории форуми мазкур дар Душанбе барои Тоҷикистон имконияти муаррифии иқтидори соҳаи алоқа, ҷалби таваҷҷуҳи шарикони байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои техникӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамиро фароҳам меорад.
Ин ҳамоиш ҳамчунин барои табодули таҷриба миёни мутахассисони тоҷик ва коршиносони байналмилалӣ, рушди технологияҳои нав ва беҳтар намудани пайвастагии интернетии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа замина мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ