Бузургдошти устод Рӯдакӣ дар Панҷакент

Рӯзҳои 23 ва 24 сентябр дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш донишмандону муҳаққиқони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаҳои муҳими рӯдакишиносӣ, таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, нашру таҳқиқи осори Одамушшуаро ва дурнамои ҳамкориҳои илмиро баррасӣ карданд.

Конфронс бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Бунёди Рӯдакӣ ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев доир гардид.

Дар он олимону адабиётшиносон аз пойтахти мамлакат, донишмандони Ҷумҳурии Исломии Эрон, омӯзгорону донишҷӯён ва намояндагони аҳли илму адаби шаҳри Панҷакент иштирок намуданд.

Гардонандаи ҳамоиши мазкур адабиётшиноси маъруфи тоҷик, раиси Бунёди Рӯдакӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода буд.

Пайвандгари миллатҳо ва фарҳангҳо

Дар оғози ҳамоиш муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент Сабур Собирзода ва муовини якуми президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён иштирокчиёну меҳмононро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрик гуфтанд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоиши байналмилалӣ дар Панҷакент, ки зодгоҳи Одамушшуаро дар ҳудуди он ҷойгир аст, барои муҳаққиқони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аҳаммияти махсус дорад. Ин сарзамин бо номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ пайванди таърихӣ дошта, имрӯз низ яке аз марказҳои арҷгузорӣ ва омӯзиши мероси шоир ба шумор меравад.

Мавзӯи асосии конфронс «Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» имкон фароҳам овард, ки ҷойгоҳи шоир на танҳо аз нигоҳи таърихи адабиёт, балки дар заминаи ташаккули худшиносӣ, забон ва фарҳанги муштараки мардумони форсизабон баррасӣ гардад.

Дар ҷараёни конфронс таъкид гардид, ки Рӯдакӣ ҳамчун саромади адабиёти форсӣ-тоҷикӣ дар ташаккули суннати бузурги шеърӣ ва рушди забони адабӣ нақши бунёдӣ гузоштааст. Мероси ӯ дар тӯли беш аз ҳазор сол мавриди таваҷҷуҳи адабиётшиносон қарор дошта, имрӯз низ масъалаҳои зиёди марбут ба аҳвол, осор, матншиносӣ ва таъсири эҷодиёти ӯ ба адабиёти давраҳои баъдӣ ба таҳқиқ ниёз доранд.

Баррасии мероси Одамушшуаро

Яке аз бахшҳои муҳими конфронс суханрониҳои донишмандони маъруфи адабиёти форсӣ ва муҳаққиқони осори Рӯдакӣ буд.

Аз ҷумла, Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, донишманди шинохтаи эронӣ ва узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҳамоиш иштирок намуда, доир ба масъалаҳои рӯдакишиносӣ ибрози назар кард.

Ҳамчунин, Абӯризо Ҷавони Ҷаъфарӣ, раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад дар ин конфронси байналмилалӣ ҳузур дошт. Номбурда зикр кард, ки осори Рӯдакӣ аз муҳимтарин меросҳои муштараки адабии ду кишвар буда, таҳқиқу нашри илмии он аз самтҳои муҳими ҳамкории марказҳои пажӯҳишии форсизабон ба ҳисоб меравад.

Дар конфронс Сафар Абдулло, адабиётшиноси маъруф низ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои адабиёт ва мероси фарҳангии муштарак сухан гуфт.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш китоби адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода таҳти унвони “Устод Рӯдакӣ (рӯзгор, осор, нашр, таҳқиқ, паём, сабк ва ҷойгоҳ)” рӯнамоӣ шуд.

Дар китоб паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ, осор ва ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бо истифода аз дастовардҳои рӯдакишиносии ҷаҳонӣ ва равишҳои муосири адабиётшиносӣ баррасӣ шудаанд.

“Ин китоб давоми мантиқии асарҳои барҷастаи устод Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, академик Абдулғанӣ Мирзоев ва профессор Абдурраҳмон Тоҳирҷонов аст. То куҷо ба ин хостҳоям муваффақ шудаам, қазоват аз хонандагон аст”, – гуфт профессор Сатторзода.

Китоб барои олимон, донишҷӯёни донишгоҳҳои ихтисосӣ ва дӯстдорони шеъри Рӯдакӣ пешбинӣ шудааст.

Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззамхон Ансорӣ дар мавриди таъсиси Маркази Рӯдакишиносӣ ва омӯзиши осори ниёгон дар назди донишкада ва нашри се ҷилди маҷмӯаи “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” суҳбат кард. Дигар олимону муҳаққиқон масъалаҳои мухталифи марбут ба зиндагӣ ва эҷодиёти устод Рӯдакиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз нашри осори Рӯдакӣ то густариши ҳамкориҳои илмӣ

Дар ҷараёни конфронс ба масъалаи нашри осори Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва пажӯҳишҳое, ки дар Тоҷикистон ва Эрон анҷом ёфтаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Донишмандон паҳлуҳои гуногуни мероси адабии шоирро аз нигоҳи таърихи адабиёт, забоншиносӣ ва матншиносӣ баррасӣ карданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ зарурати густариши робитаҳои илмии муҳаққиқони Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи омӯзиши аҳвол ва осори Рӯдакӣ буд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина ҳамкории донишгоҳҳо, академияи илмҳо ва марказҳои илмӣ метавонад барои таҳқиқи мукаммалтари мероси шоир ва дастрас намудани натиҷаҳои пажӯҳишҳои нав ба ҷомеаи илмӣ мусоидат намояд. Зеро мероси Рӯдакӣ дар баробари арзиши адабӣ, барои омӯзиши таърихи забон, андеша ва фарҳанги мардумони форсизабон аҳаммияти бузург дорад.

Дар ҳамоиш инчунин муштаракоти забонию фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон ва имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ дар заминаи омӯзиши мероси классикии форсӣ-тоҷикӣ баррасӣ шуданд.Дар доираи ин ҳамоиши илмии байналмилалӣ меҳмонон аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ боздид намуданд.

Ҳамчунин, иштирокчиёни конфронс ба зодгоҳи Одамушшуаро рафта, оромгоҳи ӯро зиёрат карданд ва ба хотири шоир арҷ гузоштанд. Идомаи ҳамоиши мазкур дар пойгоҳи сайёҳии “Артуч” идома ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *