Пизишкиён: Террорист нестем, қурбони терроризм ҳастем!
Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон 23 сентябр дар иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба таҳдидҳои Доналд Трамп посух дод ва эълон кард, ки кишвараш зери фишори низомӣ ва иқтисодӣ таслим нахоҳад шуд, аммо роҳи музокираро низ намебандад. Ӯ аз ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон, барномаи ҳастаӣ, тангаи Ҳурмуз, вазъи Фаластин ва зарурати бознигарии низоми амнияти байналмилалӣ сухан гуфт.
Пизишкиён дар СММ
Суханронии Президенти Эрон дар шароите баргузор шуд, ки тақрибан ҳафт моҳ аз оғози ҷанги ИМА ва Исроил алайҳи Эрон гузашта, масъалаи поён додани даргириҳо ва барқарор намудани ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ба яке аз мавзуъҳои асосии дипломатияи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Як рӯз пеш, 22 сентябр, Президенти ИМА Доналд Трамп дар минбари ҳамин созмон Эронро ба нобудсозӣ таҳдид карда, аз дигар кишварҳо хоста буд, ки фишори иқтисодиро ба Теҳрон афзоиш диҳанд.

Мо террорист нестем!
Президенти Эрон гуфт, ки Трамп кишварашро ба терроризм муттаҳам кардааст, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, мардуми Эрон худ қурбонии ҳамлаҳои низомӣ ва терроризм шудаанд.
Ӯ аз кушта шудани раҳбари пешини Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамлаҳои ИМА ва Исроил, бомбаборони мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти ғайринизомӣ ёдовар шуд.
Пизишкиён ҳангоми суханронӣ аксҳои кӯдакони кушташуда дар ҳамла ба мактаби шаҳри Миноб ва маркази варзишии Ломердро ба иштирокчиёни иҷлос нишон дод.
Ӯ амалиёти низомии кишварашро дифоъ аз худ номида, ИМА ва Исроилро ба нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳам кард.
Масъалаи ҳамла ба мактаби Миноб қаблан мавриди таҳқиқи байналмилалӣ қарор гирифта буд. Дар гузориши моҳи сентябри ҳайати мустақили таҳқиқи Созмони Милал асосҳои муътамад барои эҳтимоли содир шудани ҷинояти ҷангӣ аз ҷониби ИМА дар ин ҳамла зикр шудааст. Вашингтон хулосаҳои мазкурро рад мекунад.
Паёми асосӣ ба Трамп
Муҳимтарин бахши суханронии Пизишкиён ба муносибатҳои Эрону ИМА бахшида шуд.
Ӯ таҳдидҳои Трампро ифодаи сиёсати зӯргӯӣ номида, таъкид кард, ки фишори бештар боиси даст кашидани Эрон аз мавқеъҳояш намешавад.
Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти худ аз иқтидори низомӣ истифода хоҳад кард, аммо ҳамзамон омода аст ихтилофотро тавассути музокира ҳал намояд.
Президенти Эрон дар бахши поёнии суханрониаш бори дигар омодагии Теҳронро ба гуфтугӯ эълон кард, вале гуфт, ки кишвараш забони таҳдидро қабул нахоҳад кард.
Бино ба Reuters, дар ҳошияи иҷлоси СММ миёни намояндагони Эрон ва ИМА тавассути миёнҷигарон гуфтугӯ сурат гирифтааст. Дар ин робита Қатар нақши миёнҷигариро иҷро мекард, ҳарчанд то замони суханронии Пизишкиён пешрафти ҳалкунанда дар музокирот эълон нашуда буд.
На силоҳи ҳастаӣ, на маҳрумият
Масъалаи дигари марказии суханронии Пизишкиён барномаи ҳастаии Эрон буд.
Ӯ гуфт, ки Теҳрон силоҳи ҳастаиро василаи таъмини амнияти худ намешуморад, аммо аз ҳуқуқи истифодаи осоиштаи фанноварии ҳастаӣ низ даст намекашад.
Президенти Эрон таъкид кард, ки фанноварии ҳастаӣ барои кишвараш танҳо масъалаи ғанисозии уран нест. Ба гуфтаи ӯ, ин соҳа бо тиб, кишоварзӣ, саноат, амнияти ғизоӣ ва таъмини неруи барқ алоқаманд мебошад.
Ӯ роҳи ҳалли баҳси ҳастаиро созишномае номид, ки ҳам ҷомеаи ҷаҳониро аз хусусияти осоиштаи барномаи Эрон мутмаин созад ва ҳам ҳуқуқи эрониёнро барои истифодаи ин фанноварӣ ҳифз кунад.
Аммо маҳз дар ҳамин масъала ихтилофи асосии Теҳрон ва Вашингтон боқӣ мемонад.
ИМА таъкид мекунад, ки Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад ва аз Теҳрон иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва маҳдудиятҳои қобили санҷишро талаб дорад.
Дар моҳи сентябри соли 2026 Шурои мудирони Оҷонсии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) масъалаи иҷро накардани уҳдадориҳои назоратии Эронро ба Шурои Амнияти СММ ирҷоъ кард. Оҷонсӣ аз маҳдудияти дастрасӣ ба иншоот ва маводи ҳастаӣ изҳори нигаронӣ дорад. Теҳрон ин қарорро сиёсӣ медонад ва мушкилоти дастрасии бозрасонро ба вазъи ҷангӣ ва ҳамлаҳо ба иншооти худ рабт медиҳад.

Муаммои Тангаи Ҳурмуз
Мавзуи тангаи Ҳурмуз аз бахшҳои муҳими суханронии Пизишкиён буд.
Ӯ изҳор дошт, ки қобили қабул нест дигар кишварҳо аз ин роҳи обӣ истифода баранд, аммо худи Эрон ба далели муҳосираи иқтисодӣ ва низомӣ аз озодии киштиронӣ маҳрум карда шавад.
Ба гуфтаи Президенти Эрон, ҳузури доимии неруҳои баҳрии мухолиф ва густариши ҷанг наметавонад амнияти устувори роҳҳои баҳриро таъмин кунад.
Тангаи Ҳурмуз яке аз гузаргоҳҳои калидии бозори ҷаҳонии энергия мебошад. Пеш аз оғози ҷанг тақрибан панҷяки нафт ва гази моеи табиии ҷаҳон аз ин масир интиқол меёфт. Бинобар ин, маҳдуд шудани ҳаракати киштиҳо дар он на танҳо ба Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс, балки ба бозори ҷаҳонии энергия таъсир мерасонад.
Дар ин масъала мавқеи тарафҳо гуногун аст.
Теҳрон аз ИМА лағви муҳосираи бандарҳои худ ва коҳиши таҳдидҳои низомиро талаб мекунад. Вашингтон ва шариконаш ба барқарор шудани ҳаракати амну озоди киштиҳо таваҷҷуҳ доранд.
Reuters 22 сентябр хабар дода буд, ки Эрон дар сурати коҳиши фишори низомии ИМА ва бардошта шудани муҳосираи бандарҳояш омодагии худро барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз изҳор кардааст.
Фаластин ва танқиди меъёрҳои дугона
Пизишкиён дар бахши дигари суханронии худ ба вазъи Фаластин ва Ғазза пардохт.
Ӯ гуфт, ки сулҳи пойдор дар Осиёи Ғарбӣ бе ҳалли масъалаи Фаластин ва таъмини адолат барои мардуми он имконнопазир аст.
Президенти Эрон Исроилро ба идомаи ишғолгарӣ ва хушунат муттаҳам карда, гуфт, ки маҳрум кардани инсонҳо аз хона, сарзамин ва ҳуқуқи онҳо боиси идомаи муқовимат мегардад.
Дар идома ӯ аз меъёрҳои дугона дар низоми байналмилалӣ интиқод кард.
Аз ҷумла, Пизишкиён ба фарқи муносибат бо барномаи ҳастаии Эрон ва зарфияти ҳастаии Исроил ишора намуд. Ӯ гуфт, ки Эрон зери назорати байналмилалӣ ва таҳрим қарор дорад, аммо дар мавриди Исроил чунин низоми назорат вуҷуд надорад.
Нақши Созмони Милал дар шароити ҷанг
Пизишкиён дар қисмати ҷамъбастии суханрониаш ба масъалаи эътимод ба ниҳодҳои байналмилалӣ рӯ овард.
Ӯ изҳор дошт, ки ҳуқуқи байналмилалӣ набояд танҳо дар мавридҳое татбиқ шавад, ки ба манфиатҳои қудратҳои бузург мувофиқат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, агар кишварҳо эҳсос кунанд, ки низоми ҳуқуқии байналмилалӣ амнияти онҳоро таъмин намекунад, бештар ба тавоноии низомии худ такя хоҳанд кард.
Президенти Эрон ҳамчунин таъкид намуд, ки амнияти устувори минтақавӣ ба ҳамкории давлатҳо ниёз дорад ва ҳеҷ кишвар наметавонад ба танҳоӣ амнияти комил дошта бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ