Гуфтугӯйи Амрико ва Эрон дар Ню-Йорк. Трамп онро “созанда” гуфт

Дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк намояндагони Амрико ва Эрон пас аз моҳҳо таниши низомӣ музокирот анҷом доданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи 22 сентябр гуфт, ки  гуфтугӯҳо ҳудуди се соат давом карда, «созанда» буданд. Теҳрон бошад, таъкид намуд, ки ҳадафи аслии тамос расонидани шартҳои Эрон барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз будааст.
 
Ба гуфтаи Трамп, аз ҷониби Амрико намояндагони вижаи ӯ Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер дар музокирот иштирок карданд. Аз ҷониби Эрон вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ароқчӣ дар ин раванд ҳузур дошт. Раисҷумҳури Амрико хабар дод, ки нишасти дигаре низ дар ояндаи наздик дар назар аст.

Трамп дар суханронии худ ишора кард, ки музокирот мустақим сурат гирифтааст, вале баъдан Виткофф  тавзеҳ дод, ки гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии дипломатҳои кишварҳои сеюм сурат гирифтаанд.

Баҳси асосии музокирот ба бозкушоии тангаи Ҳурмуз марбут будааст. Ин гузаргоҳи стратегӣ барои интиқоли нафт ва газ аз Халиҷи Форс аҳаммияти бузург дорад ва маҳдуд шудани ҳаракати киштиҳо дар он ба бозорҳои ҷаҳонии энергия таъсир мерасонад.

Расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки Ароқчӣ дархости мулоқотро аз ҷониби Амрико пазируфта, шартҳои Теҳронро пешниҳод кардааст. Бино ба гузоришҳо, аз ҷумла қатъи муҳосираи баҳрии бандарҳои Эрон, озод кардани дороиҳои масдудшуда ва хотимаи амалиёти ҷангӣ аз талабҳои Эрон мебошанд.

Коршиносон мегӯянд, ки аҳаммияти нишасти Ню-Йорк дар барқарор шудани тамос аст. Бо вуҷуди идомаи ихтилофҳо, ҳузури намояндагони баландпоя ва фаъолияти миёнҷиҳо имкон медиҳад, ки шартҳои тарафҳо мустақим ба якдигар расонида шаванд.

Аммо, таҷрибаи қаблии Эрону Амрико нишон дод, ки “гуфтугӯи созанда” ҳанӯз ба маънои созиши ҳосилшуда нест. Чун қаблан ҳам ин ду кишвар ба созиши оташбас расида буданд, вале танишҳо аз нав аланга гирифтанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки оё ҷонибҳо дар бораи тартиби бозкушоии Ҳурмуз, коҳиши маҳдудиятҳо ё қатъи амалиёти низомӣ ба мувофиқа расидаанд ё не.

Дар ҳамин ҳол, ширкати Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, дар Маҷмаи умумии СММ таваҷҷуҳро ба эҳтимоли тамосҳои дипломатии сатҳи баланд ҷалб кардааст. Вале то замони таҳияи ин мавод мулоқоти ӯ бо Трамп расман тасдиқ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *