Миронов ҳам ба Дума роҳ ёфт
Ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» (Единая Россия) дар интихоботи Думаи давлатии Русия пирӯз шуда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ, 355 курсӣ аз 450 курсии палатаи поёнии парлумонро соҳиб шудааст. Ин аввалин интихоботи парлумонии Русия баъди оғози ҷанги ин кишвар бо Украина мебошад.
Раъйдиҳӣ рӯзҳои 18-20-уми сентябр баргузор гардид. Ба иттилои Комиссияи марказии интихоботи Русия, баъди шумориши беш аз 95 дарсади овозҳо ҳизби «Русияи воҳид» 57,83 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.
Раиси Комиссияи марказии интихобот Элла Памфилова хабар дод, ки ин ҳизб аз ҳисоби рӯйхатҳои ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ соҳиби 355 курсӣ мешавад.
Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия бо 40 курсӣ, Ҳизби либерал-демократӣ бо 25 курсӣ ва ҳизби «Одамони нав» («Новые люди») бо 20 курсӣ дар парлумон намояндагӣ хоҳанд дошт.
Ҳизби «Русияи одил» («Справедливая Россия»)-и Сергей Миронов низ баъди шумориши 96,95 дарсади протоколҳо марраи панҷдарсадиро гузашта, имкони ворид шудан ба Дума аз рӯйи рӯйхати ҳизбиро ба даст овард. Миронов бо изҳороти зидду нақизаш ба муқобили муҳоҷирони Осиёи Марказӣ маъруф аст. Қаблан ҳадс мезаданд, ки Миронов эҳтимол раъйи лозимро барои интихоб шудан ба Дума ба даст наорад.
Дар ҳамин ҳол, ҳизби «Яблоко», ки ҷонибдори хатми ҷанги Русия дар Украина аст, аз иштирок дар рақобати умумимиллии рӯйхатҳои ҳизбӣ маҳрум гардид.
Гуфта мешавад, интихобот дар шароите баргузор шуд, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ва Украина ба ҳамдигар идома доштанд. Рӯзи охири раъйдиҳӣ – 20-уми сентябр Маскав низ ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ қарор гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ