Рамазон Қодиров бори панҷум президент шуд

Рамазон Қодиров дар интихоботи раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон бо касби 99,85 дарсади овозҳо пирӯз шуда, барои як давраи дигари панҷсола раҳбарии ин ҷумҳурии тобеи Русияро ба даст овард.  

Ба ҷонибдории Қодиров 830 ҳазору 690 нафар овоз додаанд, ки 99,85 дарсади раъйҳои иштирокчиёни интихоботро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ, 831 ҳазору 946 нафар дар интихоботи раҳбари ҷумҳурӣ иштирок кардаанд.  

Қодиров аз ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» (Единая Россия) номзад шуда буд. Ду рақиби ӯ – Исмоил Денилхонов аз ҳизби «Русияи одил» ва Холид Накаев аз Ҳизби коммунист ҳар кадом тақрибан 0,05 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд.

Рамазон Қодиров аз соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба уҳда дорад. Ӯ баъди кушта шудани падараш Аҳмад Қодиров дар соли 2004 ба яке аз чеҳраҳои асосии сиёсии ин ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ин дафъа ӯ барои панҷумин давраи раҳбарӣ интихоб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *