Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд 11 баробар афзуд

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Суғд ба 1324 адад расидааст, ки нисбат ба оғози давраи соҳибистиқлолӣ 11 баробар зиёд мебошад. Танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойи нави кор бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябр зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, маҷмуи маҳсулоти вилояти Суғд соли 2025 ба 49 миллиард сомонӣ расидааст, ки аз саҳми назарраси вилоят дар таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат шаҳодат медиҳад.

Президенти кишвар изҳор дошт, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии вилоят беш аз 70 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намудаанд. Дар натиҷа, барои рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Таъкид шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд як қатор корхонаҳои бузурги муосир таъсис ёфта, соҳаи саноати маъдан ба пешрафти назаррас ноил гардидааст. Дар натиҷа, ҳиссаи ин соҳа дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ҳоло ба 44 фоиз расидааст.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд 20 сентябр оғоз ёфт. Шоми имрӯз, 23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барномаи фарҳангӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *