Дар Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахта 22,15 дарсад иҷро шуд

Дар вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахта идома дошта, то имрӯз 22,15 дарсади дурнамои пешбинишуда иҷро шудааст.

Тавре ба Pressa.tj хабар доданд, миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакор Левакант, Бохтар ва Шаҳритус пешсафанд. Дар ин минтақаҳо иҷрои дурнамо аз 35 то 68 дарсадро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи нисбатан паст дар Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шаҳру ноҳияҳо аз 3 то 11 дарсади нақша иҷро шудааст.

Имсол барои вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишвар аст, ҷамъоварии 271 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *