Дастовардҳои аввалини варзишгарони Тоҷикистон
Варзишгарони Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали Бозиҳои Осиёӣ-2026 ду нишони тило, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгари тоҷик аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта Мирзобек Умаров дар вазни то 60 кг дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 ба гирифтани нишони тило шарафёб гардид. Дар финал Мирзобек аз намуди санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern бар намояндаи Ӯзбекистон Фирдавс Отамуратов бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт.
Варзишгари дигари тоҷик Отабек Раҷабов низ дар ҳамин намуд дар вазни то 65 кг ба гирифтани нишони тило шарафёб шуд. Дар финал Отабек аз намуди санъати муҳорибаҳои омехтаи Traditional бар намояндаи Филиппин Жан Клод Саклаг бо ҳисоби 3:0 зафар ёфт.
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хуршедзода дар мусобиқаи санъати муҳорибаҳои омехтаи Modern дар вазни то 71 кг дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи Қазоқистон Кадюрбек Шинбaев бо ҳисоби 3:0 мағлуб шуд ва нишони нуқра гирифт.
Пеш аз инҳо Махсатулло Муъминов дар вазни 55 кг аз намуди карате-до WKF нишони биринҷӣ ба даст оварда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ