Эҳёи корхонаи саноатӣ пас аз 13 соли таваққуф

Яке аз рӯйдодҳои асосии сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғози фаъолияти истеҳсолии Комбинати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон мебошад. Ин корхона, ки таърихи тӯлонии фаъолият дорад, аз соли 2013 бинобар қатъ шудани маблағгузорӣ ва мушкилоти истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда буд.

44 милллион қарз

Дар асоси созишномаи сармоягузории 31-уми июли соли 2025 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «АСИМ» корҳои барқарорсозӣ ва васеъ кардани иқтидори истеҳсолӣ дар ин корхона оғоз гардиданд.

Тавре 21-уми сентябри соли равон ба Президенти кишвар ҳангоми ифтитоҳи корхонаи мазкур иттилоъ дода шуд, иқтидори лоиҳавии корхона истихроҷи ду миллион тонна маъдани сурбу нуқра дар як сол мебошад. Дар он истеҳсоли то 200 тонна нуқра ва 20 ҳазор тонна сурб пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар наздики кон корхонаи маъдантозакунӣ аз нав бунёд шуда, бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар корхона бахшҳои майдакунӣ, осиёб, флотатсия ва дигар марҳалаҳои коркарди маъдан ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли нахустин консентрати таҷрибавии сурбу нуқра оғоз ёфтааст.

Барои эҳёи корхона зиёда аз 200 воситаи нақлиёт ва таҷҳизоти муосир ворид карда шудааст. Хатҳои барқ, зеристгоҳҳо, роҳҳои дохилӣ, нақбҳо ва иншооти ёрирасон низ навсозӣ гардидаанд.

Ба иттилои масъулин, қарзҳои ҷамъшудаи корхона, ки дар 12 сол беш аз 44 миллион сомониро ташкил дода буданд, марҳала ба марҳала пардохт мешаванд. Пас аз расидан ба иқтидори пурра дар комбинат беш аз ҳазор нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Чаро Адрасмон 13 сол кор накард?

Маврид ба зикр аст, ки корхонаи маъдантозакунии Адрасмон яке аз корхонаҳои муҳими саноатӣ дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Ин корхона аз соли 2013 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд. Корхона бо сабаби муфлисшавӣ ба тобеияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Ин корхона дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷойгир аст.

Вазифаи асосии комбинат истихроҷ ва ғанигардонии маъданҳои сурбу нуқра аст. Манбаи муҳими ашёи хоми он кони «Мансури Шарқӣ» ба ҳисоб меравад.

Таҳқиқи таърихи корхона нишон медиҳад, ки сабаб танҳо камбуди маблағ набуд. Якчанд мушкил ба ҳам пайваст шуданд. Пеш аз ҳама, хусусигардонии соли 2006 ва мушкилоти сармоягузорӣ. 17-уми июли соли 2006 корхона дар музояда аз ҷониби ширкати қазоқистонии «Казинвест минерал» харидорӣ шуд. Қисми зиёди сармояи вориднамудаи ин ширкат барои пӯшонидани қарзҳои кредитории комбинат ва хариди таҷҳизоте равона шуд, ки барои истеҳсолот зарур набуданд. Дар натиҷа, корхона пас аз хусусигардонӣ ба афзоиши устувори ҳаҷми истеҳсолот ноил нагардид. Мушкили дигар коҳиши нархи нуқра ва кам шудани даромаднокии маъдани истихроҷшаванда буд. Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, корхона аз моҳи июли соли 2013 бо қарори соҳибмулки пешина фаъолияти истеҳсолиро қатъ кард. Сабабҳои зикршуда паст шудани даромаднокии маъдан ва нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ буданд. Корхона муфлис гардид ва минбаъд ба ихтиёри давлат гузашт.

Қарзҳои калону инфрасохтори фарсуда

Мушкили дигари ҷиддӣ қарзҳои ҷамъшуда буданд. Корхона он вақт тақрибан 43 миллион сомонӣ қарз дошт. Аз ин маблағ зиёда аз 12 миллион сомонӣ ба қарзи музди меҳнати кормандон рост меомад. Сармоягузорони эҳтимолӣ барои пардохти қарзи музди меҳнат омодагӣ нишон медоданд, вале намехостанд тамоми қарзҳои андоз, неруи барқ ва бонкиро ба зимма гиранд. Яъне Адрасмон на танҳо ба сармоягузори нав, балки ба ҳалли мушкилоти молиявӣ ва ҳуқуқии аз солҳои пеш боқимонда эҳтиёҷ дошт. Дар натиҷа таваққуфи тӯлонӣ мушкилоти нав ба вуҷуд овард. Баъди қатъ гардидани маблағгузорӣ нақбҳои кони «Мансури Шарқӣ» ва нақби нақлиётии №1 зери об мондаанд. Қисми зиёди таҷҳизоти зеризаминӣ аз кор баромада, дастгоҳҳои рӯйизаминӣ низ фарсуда шудаанд.

Бинобар ин, барои эҳёи комбинат танҳо таъмири одӣ кофӣ набуд. Зарурати амалан аз нав сохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ба миён омад.

Акнун саволе ба миён меояд, ки эҳёи корхона барои иқтисоди Тоҷикистон чӣ аҳаммият дорад? Бино ба иттилои расмӣ, баъди расидан ба иқтидори пурра корхона беш аз 1000 нафарро бо кор таъмин хоҳад кард. Комбинат метавонад ба рушди тиҷорат, нақлиёт, хизматрасонӣ ва дигар фаъолиятҳои вобаста дар шаҳраки Адрасмон низ мусоидат намояд.

Масъалаи ҷойи кор барои аҳолии маҳаллӣ махсусан муҳим аст. Зеро баъди аз кор мондани комбинат бисёре аз мардум ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд. Инчунин, афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ. Нуқра ва сурб маҳсулоти дорои талаботи байналмилалӣ мебошанд. Дар сурати ба иқтидори пешбинишуда расидани комбинат ва ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот, барои Тоҷикистон имкони афзоиши даромади содиротӣ ба вуҷуд меояд. Ин даромад ба ҳаҷми воқеии истеҳсол, сифати консентрат, хароҷоти коркард, нархҳои ҷаҳонӣ ва шартҳои фурӯш вобаста хоҳад буд.

Аҳаммияти дигари ин корхона афзоиши даромади буҷет аст. Зеро, бино ба маълумоти омории солҳои қабл, Адрасмон дар гузашта яке аз андозсупорандагони калони кишвар будааст. То қатъи истеҳсол ва фаъолияти корхона ба буҷет солона то 12 миллион сомонӣ андоз ворид мекард. Ҳамчунин, афзоиши истеҳсоли сурб ва нуқра метавонад ба рушди соҳаи истихроҷ ва коркарди маъдан таъсир расонад.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *