Гунаҳгори “Крокус” дар Амрико суд шуд
Суди федералии Амрико Муҳаммад Шарифуллоҳ, шаҳрванди Афғонистонро барои дастгирии созмони террористии «Давлати исломӣ – Вилояти Хуросон» (ДОИШ-Х) ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Мақомоти ИМА мегӯянд, ки ӯ дар омодасозии чандин ҳамлаи террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба толори «Крокус Сити Ҳолл» дар наздикии Маскав даст доштааст.
Вазорати адлияи ИМА рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки Шарифуллоҳ тайи қариб даҳ сол ба ин созмон кумак расонида, дар омодасозии беш аз даҳ ҳамлаи террористӣ иштирок кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ дар ҳамлаи маргталабонаи 26-уми августи соли 2021 назди фурудгоҳи Кобул низ нақш доштааст. Дар он ҳамла 13 низомии амрикоӣ ва тақрибан 160 шаҳрванди мулкӣ кушта шуданд.
Мақомоти Амрико ҳамчунин мегӯянд, ки Шарифуллоҳ ба омилони ҳамлаи 22-юми марти соли 2024 ба «Крокус Сити Ҳолл» тарзи истифодаи силоҳро омӯзонида, ҳангоми ҳамла бо онҳо дар тамос будааст.
Ӯ моҳи марти соли 2025 дар Покистон боздошт ва ба ИМА истирдод шуд. Ҳайати мунсифа моҳи апрели соли 2026 ӯро дар расонидани дастгирии моддӣ ба созмони террористӣ гунаҳкор донист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ