Қадрдонии намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон

Дар доираи иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ба намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маросим Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуда, аз сатҳи баланди ҳамкории фарогир ва созандаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми арзишманд дар таҳкими ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудири иҷроияи амалиёти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани мукофоти давлатии Ордени «Дӯстӣ» тақдим намуд.

Дар навбати худ Анна Бйерде ва Антонелла Бассани барои сарфароз гардонида шудан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ордени «Дӯстӣ» изҳори сипос намуда, ин қадршиносиро нишонаи баланди эътимод ва эътирофи саҳми онҳо дар рушди ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *