Осори академик Нусрат Раҷабов – аз Душанбе то Теҳрон (видео)

Имрӯз, 25 сентябр ба 88-солагии зодрӯзи яке аз риёзидонони маъруфи Тоҷикистон, академик Нусрат Раҷабов рост меояд.

Нусрат Раҷабов соли 1938 дар Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1960 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти илмии худро дар Академияи илмҳо оғоз намуд. Соли 1966 рисолаи номзадӣ ва соли 1975 рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Соли 1979 соҳиби унвони профессор гардид.

Самтҳои асосии таҳқиқоти ӯ муодилаҳои дифференсиалӣ, масъалаҳои канорӣ, тасвирҳои интегралӣ ва муодилаҳои дорои сингуляриятҳо мебошанд. Осори илмии Нусрат Раҷабов дар нашрияҳои бонуфузи математикӣ ба табъ расида, фаъолияти пажӯҳишии ӯ даҳсолаҳои зиёд идома кардааст.

Аз соли 1977 то январи 2013 Нусрат Раҷабов кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Яке аз китобҳои ӯ оид ба муодилаҳои дифференсиалӣ ба забонҳои форсӣ ва англисӣ тарҷума шуда, аз он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Теҳрон низ истифода мебаранд.

Нусрат Раҷабов аз олимонест, ки дар ташаккули мактаби риёзии Тоҷикистон саҳм гузошта, чанд насли риёзидон ва муҳаққиқи тоҷикро тарбия кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *