Тошканд тавлидгарони маҳсулоти пластикиро ба ҳам овард

Рӯзҳои 22-24 сентябри соли равон дар шаҳри Тошканд 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноати пластикӣ ва полимерӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ 255 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулот, таҷҳизот ва технологияҳои навини соҳаро муаррифӣ карданд. Тоҷикистонро низ дар ин намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолӣ намояндагӣ намуданд.

Намоишгоҳи байналмилалии саноати пластикӣ ва полимерӣ соле як маротиба баргузор шуда, истеҳсолкунандагон, таъминкунандагон, дилерҳо, дистрибюторҳо ва мутахассисони соҳаро гирди ҳам меорад. Муассисони он ширкатҳои байналмилалии намоишгоҳии Iteca Exhibitions ва ICA Eurasia Group мебошанд.

Ба гуфтаи Людмила Стайшиунайте, мутасаддии бахши иттилооти ICA Eurasia Group, имсол дар намоишгоҳ 255 ширкат аз Тоҷикистон, Туркия, Эрон, Олмон, Русия, Чин, Италия, Австрия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

– Дар намоишгоҳ ашёи хом ва маводи полимерӣ, таҷҳизот барои истеҳсол ва коркарди пластик, экструзия ва қолаббандии тазриқӣ, қолабҳо, таҷҳизоти автоматизатсия ва коркарди такрорӣ, маҳсулоти кимиёӣ ва нафтӣ, технологияҳои бастабандӣ ва истеҳсоли 3D ба намоиш гузошта шуданд. Махсусан, тарзи кори дастгоҳҳои марбут ба технологияҳои замонавӣ қобили таваҷҷуҳ буд. Бевосита дар намоишгоҳ бо истифода аз ин дастгоҳҳо маҳсулоти гуногуни пластикӣ истеҳсол гардида, харидорони худро пайдо карданд, – гуфт Людмила Стайшиунайте.

Зимни суҳбат директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи полимерӣ», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Саидхоҷа Зикриллохоҷаев гуфт, ки ба шарофати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти соҳибкорон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

– Зиёда аз 16 сол аст, ки ширкати мо дар Тоҷикистон ба истеҳсоли плёнкаҳои полиэтилении баландсифат ихтисос дорад. Ин маҳсулот дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва маишӣ истифода мешавад. Мо роҳҳои боэътимоди бастабандиро ба муштариёни худ пешниҳод мекунем. Плёнкаҳои хурдкунандаи мо бастабандии боэътимоди маҳсулоти алоҳида ва яклухтро таъмин намуда, бо мустаҳкамӣ ва шаффофияти баланди худ аз дигар навъҳои плёнка фарқ мекунанд, – иброз дошт С. Зикриллохоҷаев.

Ба гуфтаи директори генералии «Технологияи полимерӣ», тӯри дохилии мавод ҳатто дар шароити шамоли сахт мустаҳкамии онро таъмин мекунад. Он хусусияти гидрофилӣ дошта, бисёрсола мебошад ва то 7 сол, бидуни кушодан дар мавсими зимистон, метавонад истифода шавад. Ҳамчунин, он дорои таъсири назарраси зидди қатрагӣ мебошад.
Тавре Саидхоҷа Зикриллохоҷаев тазаккур дод, иштирок дар ин намоишгоҳ барои васеъ шудани бозори фурӯши маҳсулоти ширкат мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ширкат бо корхонаи истеҳсолкунандаи оби ташнашикани «Navruz International Corp», истеҳсолкунандаи шарбатҳои «International Beverages Tashkent» ва корхонаи интишороти «Экопринт» дар асоси шартномаҳои қаблан басташуда ҳамкориҳоро идома медиҳад.

Намоишгоҳи байналмилалии Тошканд се рӯз идома кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Тошканд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *