ДМТ: Мусобиқаи футбол барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдилӣ (аксҳо)

24 сентябр дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд таҳти унвони «Футбол – омили ваҳдат ва ҳамдилии ҷавонон» баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву ҳамкорӣ миёни устодону кормандон ва рушди фарҳанги варзишӣ дар муҳити донишгоҳ унвон мешавад.
 
Мусобиқа дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он устодону кормандони донишгоҳ иштирок карда, ду даста — «Истиқлол» ва «Ваҳдат» барои ба даст овардани Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рақобат карданд.

Ба иттилои масъулони чорабинӣ, интихоби номҳои «Истиқлол» ва «Ваҳдат» низ рамзӣ буда, ба арзишҳои муҳими давлатдорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидии ҷомеа ишора мекунад.

Бозӣ дар фазои солими рақобатӣ баргузор шуда, ҳар ду даста маҳорати варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ ва ҳамоҳангии даставии худро нишон доданд. Дар натиҷа дастаи «Истиқлол» ғолиб омада, Ҷоми мусобиқаро ба даст овард.

Таъкид гардид, ки ҳадафи чунин мусобиқаҳо танҳо муайян кардани ғолиб нест. Онҳо барои ҷалби бештари устодону кормандон ба варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона ва фароҳам овардани фазои солими муошират дар ҷомеаи донишгоҳӣ мусоидат мекунанд.

Футбол ҳамчун бозии даставӣ аз иштирокчиён ҳамкорӣ, эҳтироми рақиб, риояи қоидаҳо, масъулият ва талош барои расидан ба ҳадафи умумиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳо дар муҳити донишгоҳӣ дар баробари аҳаммияти варзишӣ ҷанбаи тарбиявию иҷтимоӣ низ дорад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои охир ба рушди варзиш ва ҷалби донишҷӯёну кормандон ба машқу тамрин таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад. Баргузории мусобиқаҳои дохилӣ низ яке аз роҳҳои густариши фарҳанги варзишӣ ва таҳкими муносибатҳои солим миёни ҳайати донишгоҳ дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *