Иҷрои нақшаи пахта дар Бохтар
Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Бохтар нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро карданд.
Дар мавсими имсола Бохтар аввалин шаҳр дар вилояти Хатлон аст, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 дарсад иҷро мекунад.
Ба иттилои расида, кишоварзони шаҳри Бохтар бо ҷамъоварии 480 тонна пахта нақшаи пешбинишударо таъмин карданд.
Ин дар ҳолест, ки то 22 сентябр нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон каме бештар аз 22 дарсад иҷро шуда буд ва қисме аз шаҳру ноҳияҳои пахтакор ҳанӯз ба 50 дарсади дурнамо нарасидаанд.
Феълан дар вилояти Хатлон шаҳру ноҳияҳои Левакант, Шаҳритус ва Вахш аз рӯи ҷамъоварии пахта пешсафанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ