Нигораҳои таърихии Ҷайҳун соҳиби макон мешаванд

Дар ноҳияи Ҷайҳун осорхонаи нав бунёд шудааст. Ин дар ҳолест, ки аз замони соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ноҳия осорхона надошт.

Муҳаббат Давлатова, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун ба Pressa.tj гуфт, ки осорхона бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Ба гуфтаи ӯ, корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расидаанд ва бино рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

«Ноҳияи Ҷайҳун осорхона надошт. Баъди ба истифода додани бинои дуошёнаву барҳаво нигораҳо ва ёдгориҳои таърихӣ дар ин ҷо ҷамъоварӣ мешаванд. Осорхона ба макони хуби тамошо ва муаррифии таърихи куҳани минтақа табдил хоҳад ёфт», – гуфт Муҳаббат Давлатова.

Ӯ афзуд, ки дар баробари бунёди осорхона, Қасри фарҳанги ноҳия низ пурра навсозӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бинои Қасри фарҳанг соли 1936 сохта шуда, ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт. Бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия ва прокурори ноҳияи Ҷайҳун он ба таври муосир таҷдид гардид.

Набудани осорхона ва ҷойи махсус барои гирдоварӣ ва ҳифзи нигораҳо ва ёдгориҳои таърихӣ дар ноҳияи Ҷайҳун солҳои охир дар нишастҳои хабарӣ пайваста матраҳ мешуд.

Бо ташаббуси Азизулло Ализода, раиси ноҳияи Ҷайҳун, осорхонаи нав бунёд гардид, ки минбаъд ба макони гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии таъриху мероси фарҳангии ин минтақа табдил хоҳад ёфт.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *