Литва қабули дархостҳои корӣ аз шаҳрвандони Осиёи Марказиро боздошт

Литва қабули дархостҳои нави шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро барои сафар ва кор дар ин кишвар боздоштааст. Ин тасмим ба Тоҷикистон низ дахл дорад.

Ба иттилои расонаҳои Литва бо истинод ба Департаменти муҳоҷирати ин кишвар, солҳои охир шумораи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки барои кор ба Литва мераванд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Индре Гаспере, роҳбари Департаменти муҳоҷирати Литва 22 сентябр гуфт, ки фаъолияти марказҳои хидматрасонии беруна дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бинобар зиёд будани теъдоди дархостҳои марбут ба кор боздошта шуда, феълан дархостҳои нав қабул намешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир бо назардошти интизориҳои корфармоён ва шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Литва кор кунанд, гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Департаменти муҳоҷирати Литва, то 1 сентябри соли 2026 тақрибан 227 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи эътиборноки иқомат дар ин кишвар доштанд. Аз ин шумора 7,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бояд гуфт, ки маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳанӯз соли гузашта оғоз шуда буданд. Маркази хидматрасонии берунаи Литва дар Душанбе аз 22 октябри соли 2025 фаъолияташро қатъ кард. Аз ҳамон сана имкони пешниҳоди ариза барои иҷозаи иқомати муваққатӣ ё раводиди миллии Литва тавассути ин марказ аз байн рафт.

Пеш аз баста шудани марказ Департаменти муҳоҷирати Литва аз афзоиши ҳолатҳои нақзи қоидаҳои будубош аз ҷониби қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи роҳбарияти онвақтаи Департамент, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки баъди анҷоми муҳлати иҷозаи иқомат кишварро сари вақт тарк намекарданд ва нисбаташон қарори бозгашт қабул мешуд, нисбатан зиёд буд.

Ҳамзамон, 24 сентябри соли 2026 Департаменти муҳоҷирати Литва хабар дод, ки аз 1 ноябр қабули дархостҳои иҷозаи иқомати муваққатӣ тавассути марказҳои хидматрасонӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ қатъ мешавад. Вазорати корҳои дохилии Литва ин тасмимро бо манфиатҳои амнияти давлатӣ асоснок кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *