Даргузашти бунёдгузори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон

Ҷарроҳи шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои тиб, профессор ва асосгузори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Ҳабибулло Ибодов  аз олам даргузашт.

Даргузашти ӯро ҳамкорону шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Ҳабибулло Ибодов 77 сол дошта, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст.

Профессор Ҳабибулло Ибодов аз мутахассисони шинохтаи соҳаи ҷарроҳии кӯдакона дар Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ доктори илмҳои тиб ва профессори кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон буд. Самтҳои фаъолияти илмии ӯ ҷарроҳии кӯдакона, анестезиологияву эҳёгарӣ ва урологияро фаро мегирифтанд.

 Яке аз корҳои муҳими Ҳабибулло Ибодов таъсис ва бунёди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон буд. Солҳои фаъолияташ дар ин боргоҳи таълимӣ ба тарбияи донишҷӯён, омода кардани мутахассисони соҳаи тиб ва рушди корҳои илмию амалӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт.

Ҳабибулло Ибодов муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ, се китоби дарсӣ ва ҳафт пешниҳоди ратсионализаторӣ буда, ҳамчун роҳбари илмии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон низ фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчунин дар омода намудани муҳаққиқону ҷарроҳони ҷавон саҳм дошт ва роҳбари илмии чандин корҳои илмӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *