Парвози Теҳрон – Душанбе бо тағйири масир анҷом шуд
Ҳавопаймои ширкати эронии «Вориш», ки рӯзи 24 сентябр бинобар нагирифтани иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии Туркманистон маҷбур шуда буд ба Теҳрон баргардад, дар ниҳоят бо тағйири масир ба Душанбе расид.
Ҳавопаймо соати 23:45 ба Душанбе фуруд омада, соати 01:00 дубора ба Теҳрон парвоз кардааст.
Ба гуфтаи намояндаи ширкат, ин дафъа ҳавопаймо тавассути ҳарими ҳавоии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Узбекистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Имрӯз низ ҳавопаймои дигари ширкати «Вориш» аз Машҳад ба Душанбе бо ҳамин масир парвоз хоҳад кард ва барои бозгашт низ ҳамин роҳ пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои «Вориш» рӯзи 24 сентябр аз фурудгоҳи «Имом Хумайнии Теҳрон» ба Душанбе парвоз карда, пас аз 1 соату 8 дақиқа, бинобар надоштани иҷозаи убур аз ҳарими ҳавоии Туркманистон, дубора ба Теҳрон баргашта буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ