Аз Самарқанд то саҳнаҳои ҷаҳон

Рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки дар Ӯзбекистон нашр мешавад, мусоҳибаи журналист Зоҳир Ҳасанзодаро бо сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур нашр кардааст. Ин мусоҳибаро манзури шумо мегардонем.

Адиб ва рӯзноманигор Шариф Ҳамдампур яке аз чеҳраҳои шинохтаи фазои фарҳангӣ ва иттилоотии Тоҷикистон буда, китобҳои «Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин», «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур», «Достони писари муаллим» ва ғайра ба қалами ӯ мансубанд. Чанде пеш дар нашриёти «Тоҷикистон» асари ӯ бо номи «Агар…» аз чоп баромад, ки ба фарзанди фарзонаи Самарқанд Толибхон Шаҳидӣ ва падари бузургвори ӯ бахшида шудааст. Суҳбати имрӯзаи мо бо ин нависанда бахшида ба тафсилоти таърихи офарида шудани ин китоб баргузор гардид.

– Устоди арҷманд, чанде пеш дар нашриёти «Тоҷикистон» боз як китоби шумо – «Агар…» рӯйи чопро дид, ки ба таърихи Самарқанд, бастакори барҷаста Зиёдулло Шаҳидӣ ва писари ӯ Толиб Шаҳидӣ бахшида шудааст. Сабаб чӣ буд, ки маҳз аз ҳаёти ин ду марди шарифу бузург асари безавол, пурмуҳтаво, хонданибоб офаридед?

– Пеш аз ҳама, мехоҳам як нуктаро таъкид кунам: «Агар…» танҳо зиндагиномаи ду бастакор нест. Ҳангоми навиштани китоб ман кӯшиш кардам, ки тавассути сарнавишти падару писар Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ як давраи бисёр муҳим ва пур аз таҳаввулоти фарҳанги тоҷик, бахусус роҳи ташаккул ва рушди мусиқии касбӣ ва симфонии моро нишон диҳам.

Сабаби рӯ оварданам ба зиндагии ин ду шахсияти бузург дар он буд, ки сарнавишти онҳо пайванди ногусастанӣ бо роҳи тайкардаи фарҳанги тоҷикон дорад.

Зиёдулло Шаҳидӣ аз гаҳвораи тамаддуну фарҳанги тоҷикон – Самарқанд бархостааст. Ӯ аз муҳите ба Душанбе омад, ки дар он шеъру мусиқӣ, мақому тарона ва суннатҳои ҳазорсолаи мо зинда буданд. Аммо бузургии ӯ дар он буд, ки дар доираи ин суннатҳо маҳдуд намонд. Ӯ тавонист рӯҳи мусиқии миллиро бо имкониятҳои мусиқии касбии ҷаҳонӣ пайванд диҳад ва дар ташаккули мактаби нави бастакории тоҷик саҳми бунёдӣ гузорад.

Толибхон Шаҳидӣ ин роҳро идома дод, вале танҳо идомадиҳандаи роҳи падар намонд. Ӯ ҷаҳони эҷодии хоси худро сохт. Дар мусиқии ӯ Шарқу Ғарб, суннат ва навоварӣ, оҳанги миллӣ ва тафаккури муосири симфонӣ ба ҳам меоянд. Асарҳои ӯ дар саҳнаҳои гуногуни ҷаҳон садо додаанд ва аз ҳамин роҳ садои фарҳанги тоҷикро ба гӯши шунавандаи берун аз Тоҷикистон низ расонидаанд.

– Кас баъди мутолиа ба хулоса меояд, барҳақ тавассути сулола  низ фарҳанг, санъат аз гузашта ба имрӯз пули маънавӣ месозад.

– Бале, ин яке аз ғояҳои меҳварии «Агар…» аст. Ман ҳам ҳангоми кор рӯйи китоб ҳар қадар бештар ба сарнавишти хонадони Шаҳидиҳо ворид мешудам, ҳамон қадар равшантар эҳсос мекардам, ки фарҳанг танҳо тавассути китобу осор не, тавассути инсонҳо ва пайванди наслҳо низ зинда мемонад. Сулола дар фарҳанг танҳо пайванди хунӣ нест. Агар фарзанд танҳо номи падарро мерос гирад, ҳанӯз сулолаи эҷодӣ ба вуҷуд намеояд. Сулолаи фарҳангӣ замоне шакл мегирад, ки аз як насл ба насли дигар ҷаҳонбинӣ, завқи зебоишиносӣ, масъулият дар назди ҳунар ва муҳимтар аз ҳама, эҳсоси қарз дар назди фарҳанги миллӣ интиқол ёбад.

Дар мисоли Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидӣ мо ҳамин падидаро равшан мебинем. Зиёдулло Шаҳидӣ аз як муҳити бисёр ғании фарҳангӣ, яъне шаҳри Самарқанд омад. Ӯ дар вуҷуди худ оҳангу тарона, шеъру мақом ва хотираи фарҳангии чандин наслро дошт. Вале ин меросро на танҳо ҳифз кард, балки онро ба забони мусиқии касбӣ ва симфонӣ ворид сохт ва барои насли баъдӣ заминаи нав гузошт.

Толибхон Шаҳидӣ ин меросро қабул кард, аммо дар сояи падар намонд. Ва маҳз ҳамин нукта барои ман бисёр муҳим аст. Ӯ роҳи падарро такрор накард, онро идома дод.

Толибхон аз мактаби падар рӯҳ, завқ ва эҳсоси мутааллиқият ба фарҳанги миллиро гирифт, вале забони мусиқии худро пайдо кард. Агар дар Зиёдулло Шаҳидӣ мо яке аз поягузорони тафаккури нави мусиқии тоҷикро бинем, дар Толибхон Шаҳидӣ мебинем, ки ин тафаккур чӣ гуна ба марҳилаи дигар мерасад, бо мусиқии муосири ҷаҳон вориди гуфтугӯ мешавад ва доираи шунавандаи худро васеъ мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки ман сулолаи Шаҳидиҳоро як навъ пули маънавӣ миёни дирӯз, имрӯз ва фардо мебинам.

–  Дар китоб хеле факту далелҳои раднопазир оварда шудааст, ки шумо чӣ тавр ҷамъ оварда, ба маврид истифода бурдед?

– Барои ман ҳамчун рӯзноманигор як принсип ҳамеша муҳим буд: агар асар ба зиндагии шахсиятҳои воқеӣ ва як давраи муайяни таърихӣ дахл кунад, хаёл набояд ҷойи ҳақиқатро гирад. Бинобар ин, ҳангоми навиштани «Агар…» кӯшиш кардам, ки ҳар воқеаи муҳим, ҳар сана, ҳар марҳилаи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии қаҳрамонон то ҳадди имкон ба манбаи боэътимод такя кунад.

Ҷамъоварии мавод кори якрӯза набуд. Ман аз сарчашмаҳои гуногун истифода кардам: асноду маводи бойгонӣ, матбуоти солҳои гуногун, китобу мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ, барномаҳои консертӣ, маълумот вобаста ба асарҳо ва намоишҳои онҳо, аксҳо, номаҳо, дастхатҳо ва дигар маводи марбут ба зиндагии Зиёдулло ва Толибхон Шаҳидӣ.

Аммо барои ман танҳо санади хаттӣ кофӣ набуд. Қисмати хеле муҳими мавод аз суҳбатҳои тӯлонӣ бо худи Толибхон Шаҳидӣ, ҳамсари ӯ Гулсифат Шаҳидӣ, фарзандонашон Табриз, Ҳофиз, Фирдавсхон, аъзои хонавода, ҳамкорон, ҳамсабақон, шогирдон ва шахсоне, ки шоҳиди ин ё он воқеа будаанд, ба даст омад. Баъзан як воқеаро аз чанд нафар мепурсидам, нақлҳоро бо ҳам муқоиса мекардам ва танҳо баъди мутмаин шудан онро ба матн ворид менамудам.

Вале ман кӯшиш кардам «Агар…» ба рӯйхати санаҳо, номҳо ва маълумот табдил ёбад. Факт бояд дар асар зиндагӣ кунад. Аз ин рӯ, кӯшиш кардам санадро танҳо дар ҷойе истифода барам, ки барои кушодани шахсияти қаҳрамон, нишон додани муҳити замон зарур бошад. Ба ибораи дигар, факт барои ман ороиши китоб нест, сутуни эътимоди хонанда ба он аст.

–  Мегуянд, ки “сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни  ҷигар кам шавад”. Шояд ҳангоми навиштани асари мазкур муаммоҳои сарбаста, шабзиндадорӣ, ҷустуҷӯйи эҷодӣ низ буданд.

– Бале, ин таъбир – «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад» моҳияти кори эҷодиро хеле дақиқ ифода мекунад. Китобе, ки осон навишта мешавад, на ҳамеша осон ба дили хонанда роҳ меёбад. «Агар…» низ барои ман аз ҷумлаи асарҳое буд, ки ҳар фаслу ҳар саҳифааш ҷустуҷӯ, андеша ва масъулият мехост. Мушкили асосӣ ҳатто дар ҷамъоварии мавод набуд. Мавод фаровон буд: санадҳо, хотираҳо, суҳбатҳо, воқеаҳои таърихӣ, сарнавишти одамон, асарҳои мусиқӣ, сафарҳо, муваффақиятҳо… Муаммои аслӣ ин буд, ки чӣ гуна ин ҳама маълумотро ба асари зинда табдил диҳам. Чӣ гуна китобе нависам, ки ҳам ба ҳақиқати зиндагӣ содиқ монад ва ҳам хонандаро аз саҳифаи аввал то охир бо худ барад. Шабзиндадориҳо, албатта, зиёд буданд. Баъзан як саҳифа навишта мешуду рӯзи дигар онро аз нав менавиштам. Гоҳе барои дақиқ кардани як сана, як воқеа ё ҳатто як ҷумла соатҳо қалам суфта мекардам. Баъзан матн аз нигоҳи факт дуруст буд, аммо «ҷон» надошт. Он гоҳ маҷбур мешудам боз ба қаҳрамон, ба муҳит, ба мусиқии ӯ баргардам ва бипурсам: ман ин ҷо танҳо воқеаро нақл карда истодаам ё хонанда метавонад онро эҳсос ҳам кунад?

Мушкилии дигари хос худи мусиқӣ буд. Мусиқиро бо калима тасвир кардан кори осон нест. Нависанда ранг, чеҳра, манзара ва ҳаракатро тасвир карда метавонад, аммо чӣ гуна садои оркестр, сукут миёни ду нота ё ҳолати рӯҳии инсонро ҳангоми шунидани симфония ба калима табдил диҳад? Ман намехостам китоб пур аз истилоҳоти махсуси мусиқӣ шавад ва хонандаи одиро хаста кунад. Мехостам ҳатто касе, ки аз назарияи мусиқӣ огоҳии зиёд надорад, ҷаҳони Шаҳидиҳоро эҳсос намояд.

Аз ҳама муҳим, ман дар назди қаҳрамонон ва ҳақиқат масъулият ҳис мекардам. Вақте дар бораи шахсиятҳои воқеӣ менависед, ҳақ надоред барои зеботар шудани саҳна сарнавишти онҳоро бо хоҳиши худ тағйир диҳед. Аз тарафи дигар, агар танҳо санадҳоро паси ҳам гузоред, роман не, солнома ба вуҷуд меояд. Ёфтани марзи миёни ҳақиқати воқеӣ ва ҳақиқати бадеӣ яке аз душвортарин ҷустуҷӯҳои «Агар…» буд.

Вақте нуқтаи охиринро гузоштам, эҳсос кардам, ки муддате бо Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ, бо мусиқии онҳо, бо даврони онҳо зиндагӣ кардаам…

– Нақшаи ояндаи шумо, яъне эҷодӣ аз чиҳо иборат аст?

– Нақшаҳои эҷодӣ зиёданд. Вале ҳоло тамоми андеша ва нерӯи ман ба анҷоми коре равона шудааст, ки онро метавон ҳосили солҳои зиёди фаъолияти рӯзноманигориам номид. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо бо номи «Президент: Аз Хусдеҳ то Сингапур» чоп кардам. Ин китоб аз ҷасорату иродаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мураккабтарин марҳалаҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳикоят мекунад: аз талош барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдат то ҳифзи тамомияти арзӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани заминаҳои истиқлоли воқеии сиёсиву иқтисодии кишвар.

Дар китоб кӯшиш кардаам нишон диҳам, ки Истиқлол танҳо эълони соҳибдавлатӣ нест. Истиқлоли воқеӣ он вақт маъно пайдо мекунад, ки давлат тавонад сулҳи худро таъмин кунад, сарнавишти худро мустақилона муайян намояд, иқтисоди худро бунёд созад, бо ҷаҳон муносибати баробар дошта бошад ва барои наслҳои оянда роҳи рушд боз кунад.

Мусоҳиб: Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

рӯзномаи “Овози тоҷик”, 10-уми сентябри соли 2026

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *