Сози ватандорӣ. Нигоҳе ба пайроҳаи эҷодии Фурқат Саидзода
Барои дарёфтиҶоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Алоқамандони суруду мусиқӣ, махсусан дилбохтагони “Шашмақом” наздик ба чиҳил сол аст, ки бо номи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода ошно ҳастанд ва ба эҷодиёти рангину пурғановати ӯ ихлосу иродат меварзанд. Зеро ин ҳунарманди асил пайваста дар ҷустуҷӯйи эҷодӣ буда, дар эҳё ва тарғиби “Шашмақом”, эҷоду иҷрои суруду оҳангҳо дар жанрҳову сабкҳои мухталиф талош меварзад ва ҳамчун устоди соҳибноми санъати мусиқӣ шинохтаву эътироф шудааст.
Муносибати огоҳонаи Фурқат Саидзода ба санъати мусиқӣ аз мактаби ҳунарии ӯ сарчашма мегирад ва ба номи ду шоҳсутуни санъати тоҷик, нобиғаи бебадал Барно Исҳоқова ва устоди номвар Боймуҳаммад Ниёзов иртибот дорад. Ӯ пас аз хатми мактаби зодгоҳаш – деҳаи Қади Ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав (1986) ба бахши мусиқии анъанавии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, зеру бами асрорангези шоҳасари безаволи миллати тоҷик – “Шашмақом”-ро аз ин ду устоди ҳунар меомӯзад.
Соли 1992 Фурқат Саидзода донишкадаро хатм мекунад ва ба Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати овозхон ба кор пазируфта мешавад. Дар он шабу рӯзҳо кишвари мо ба ҷанги шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид ва таваҷҷуҳ ба санъати “Шашмақом” коста шуда буд. Аз як тараф вазъи зиндагии мардум онҳоро аз санъат дур карда бошад, аз ҷониби дигар ба майдон омадани сарояндагони “хасакӣ” ва суруду оҳангҳои бемоя боиси паст шудани завқи онҳо гардида буд.
Вале Фурқат Саидзода барин ҳунармандон ба ин села напайвастанд ва талош карданд, ки санъати классикии “Шашмақом”-ро, ки мероси гаронбаҳои миллати тоҷик аст, на танҳо ҳифз кунанд, балки бо орояву перояҳои нав сайқал диҳанд.

Дар эҳё ва рушди “Шашмақом” – ин мероси беназири ниёгон, дар даврони истиқлол нақши Президенти кишварамон низ бесобиқа аст. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат “Шашмақом” ба ҷойгоҳи хусравонии хеш нишаст, ансамбли “Шашмақом” мақоми давлатӣ гирифт ва ба хотири ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикон ва тақвияти мактабу ҳунари мақомхонӣ ҳамасола дар кишварамон рӯзи 12-уми май ҳамчун Рӯзи “Шашмақом” таҷлил мегардад. Соли 2000-ум аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО ин шоҳкории бузург дар феҳристи мероси мусиқии ғайримоддӣ ҷой гирифт.
Фурқат Саидзода аз соли 2007 инҷониб роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳҳобов аст. Ин масъулиятро давоми ин солҳо бо сари баланд иҷро мекунад ва ҳунармандони ин ансамбл дар замони роҳбарии ӯ ба дастовардҳои беназир ноил гардиданд ва санъати “Шашмақом”-ро то саҳнаҳои бузурги Россияву Озарбойҷону Эрон, Фаронсаву Амрикову Амороти Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бурданд.
Фурқат Саидзода на танҳо сарояндаи номвари “Шашмақом”, балки мубаллиғи бемисли он низ ҳаст. Аз солҳои аввали фаъолияти овозхонӣ ӯ бо нашрияҳои даврӣ ҳамкорӣ дорад ва то имрӯз даҳҳо мақола оид ба асрори ин шоҳасари безавол ва иҷрокунандагони бузурги он таълиф кардааст. Ҳамчунин, дар шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла “Телевизиони Тоҷикистон”, “Телевизиони Сафина” ва Телевизиони мусиқии Тоҷикистон – “Шаҳнавоз” доир ба паҳлуҳои мухталифи “Шашмақом” силсилабарномаҳои “Навоят дардҳо дорад”, “Самои Зуҳра”, “Нидои қарнҳо”, “Хаёли сабз” ва “Ормони ориёӣ”-ро таҳия кардааст, ки ҳазорон нафар ин барномаҳоро дидаанд ва нозукиҳои санъати бостонии миллати тоҷикро кашф кардаву шинохтаанд.

Солҳост, ки Фурқат Саидзода устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аст ва ҳоло ба ҳайси профессор ба шогирдон аз санъати мақом дарс мегӯяд. Барои шогирдон, пайравон ва алоқамандони мусиқӣ китобҳои «Мутриби ишқ» (2016), «Дастури таълимӣ» (2020), «Ворисони Шашмақом» (2024) ва «Сози ватандорӣ» (2024)-ро таълиф кардааст. Махсусан, китоби “Ворисони Шашмақом”-ро аҳли илму фарҳанг ҳамчун падидаи фараҳбахш пазируфтанд, зеро дар он хизматҳои фарзонафарзандони миллат, ки дар эҷод, ҳифз, эҳё ва иҷрои “Шашмақом” аз поёни қари XIX то ибтидои асри XXI саҳм гузоштаанд, инъикос гардидааст.
Фурқат Саидзода солҳои охир бо ҳамовозии ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилабарномаҳои консертии телевизионии «Шаббодаи Хуррамшаҳр» (2020), «Савти Камол» (ба истиқболи 700-солагии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, 2020), «Пири хирад» (барнома бар ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, 2022), «Шоми ғазал» (2021) ва «Ватан шавем» (ба истиқболи Рӯзи «Шашмақом», 2022), «Шоми ғазал» ба истиқболи 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ (Париж, 2025), «Шаби чилла» аз эҷодиёти шайх Фариддудини Аттор ва ҳаким Умари Хайём (Нишопур, 2025)-ро таҳия ва пешниҳод намуд, ки ин барномаҳо аз ҷониби ҳазорон нафар мухлисон писандида шуданд.
Барои хизматҳои арзишмандаш дар рушди соҳа ва маҳорати баланди эҷодӣ бо Ҷоизаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (1996), медали Хизмати шоиста (2007), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2013), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2021) ва Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон (2024) сарфароз шудааст.
Фурқат Саидзода ҳамчун ҳунарманди ба камол расида дар пайравӣ ба устодони ҳунар ба эҷоди оҳанг ҳам машғул аст. Ӯ муаллифи оҳангҳо дар пардаҳои Шашмақом, сурудҳо дар жанрҳову сабкҳои мухталиф мебошад. Барои филмҳои ҳунарӣ низ оҳанг эҷод кардааст, ки намунаи он филми ҳунарии истеҳсоли синамогарони Эрон “Шукрона” ва филми ҳунарии истеҳсоли синамогарони ватанӣ “Ормон” мебошад. Намунаи оҳангҳои офаридааш дар намоишномаи “Пайраҳаи зиндагӣ”-и Театри давлатии ҷавонон ва номи Маҳмудҷон Воҳидов низ садо додаанд. Ҳамин аст, ки соли 2018 ӯро ба узвияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қабул карданд.

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ Фурқат Саидзода ҳамчун бастакор (оҳангсоз) пешниҳод гардидааст. Аниқтараш китоби сурудҳои ӯ таҳти унвони «Сози ватандорӣ», ки 40 сурудро дар бар мегирад: Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ («Омад баҳори хуррам»), Ҷомӣ, Шоҳин ва Васлӣ («Баҳори хуррам»), Сайидо ва Ишқии Воруӣ («Сайри чаман»), Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ («Ҳаҷри ту»), Бозор Собир («Дар дили ман монд», «Дубора созамат, Ватан»), Лоиқ Шералӣ («Ватан»), Муҳаммад Ғоиб («Хуршеди фараҳ»), Камол Насрулло («Хоки Саразм», «Замини Тоҷикистон»), Муҳтарам Ҳотам («Мулки меҳр»), Рустам Ваҳҳобзода («Душанбе», «Бақои миллат», «Сарқонун», «Тоҷикӣ», «Бародарон», «Ватан»), Давлат Сафар («Таронаи Роғун»), Ӯлмас Ҷамол («Паёми дӯстӣ»), Исмоил Зарифӣ («Уфари Саразм»), Низом Қосим («Таронаи дӯстӣ», «Халқи наҷиб», «Кони нур»), Озарахш («Зан»), Исо Раҳим («Қисмат»), Ҳаким Гӯё («Меҳри Ватан»), Саидҷон Ҳакимзода («Наврӯз, биё!»), Шарифи Мисайзод («Номаҳо»), Шералӣ Шоҳонӣ («Овора»), Худодод Зайниддин, Алишер Муҳаммадӣ, Аҳлиддини Ҳисорӣ ва Шаҳрия («Ваҳдатошён»), Аҳлиддини Ҳисорӣ, Гурез Сафар, Маҳзун («Наврӯз мерасад боз»), Ниҳонӣ («Нози манӣ», «Рашки парӣ»), Мирзо Ҳасрат ва Ҷазбии Ҳисорӣ («Шӯхчашми нозанин»), Абдуллоҳи Раҳнамо («Ватан шавем»), Суруш («Мо аз диёри обҳо»), Давлати Раҳмониён («Сангари мо»), Гулшан Абдураҳмонова («Хуршеди тобон») ва ду суруд дар асоси сурудҳои мардумӣ – «Мегузарад», «Эй, ёраки ҷон!».
Асарҳои пешниҳодшуда ба ин маҷмӯа нишон медиҳанд, ки Фурқат Саидзода ҳамчун бастакор ба эҷодиёти шоирони классику муосир такя карда, дар ҳамаи жанрҳои мусиқӣ – мусиқии ғазал, рубоӣ, сюитаи сеқисма, сюитаи чаҳорқисма, сюитаи панҷқисма, суруд барои ансамбл, валс, валси шодӣ, уфар, суруди лирикӣ, суруди шаҳрвандӣ, суруди маршӣ, суруд-дуэт, романс, таронахонии Шашмақом, уфари Шашмақом, мавригӣ, фалаки равона, шаҳд, суруд-дуэт, уфари суст, уфари тез, суруди ватанпарастӣ, суруди хорӣ, хории маршӣ, суруд барои яккахон ва хор оҳанг эҷод кардааст, ки ин далели дониши васеъи мусиқӣ, зарфияти фаррох ва тавонмандии эҷодии ӯст.
Аксари ин сурудҳо дар консерти ба тозагӣ таҳиянамудаи ин ҳунарманди саршинос таҳти унвони “Сози ватандорӣ” дар толори консертии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии Симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид ва тамошобинон, ки аксарият аҳли зиё, бастакорон, сарояндагон, мутрибон ва адибону рӯзноманигорон буданд, ба онҳо баҳои баланд доданд. Китоби “Сози ватандорӣ” ва консерти таҳияшуда бо ҳамин унвон ва ҳамчунин хизматҳои шоистаи Фурқат Саидзода дар рушди санъати тоҷик барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ арзанда мебошанд.
Ҳаётой МУЪМИНОВА,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Одил НОЗИР,
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ