Гуфтугӯи телефони вазири мудофиаи Тоҷикистону Эрон

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ва иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Эрон Маҷид ибни Ризо суҳбати телефонӣ анҷом анҷом доданд.

Дар ин бора ширкати давлатии радио ва телевизиони Эрон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 9 апрел дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Собирзода аҳамияти «барқарор намудани сулҳи воқеӣ ва субот»-ро барои Эрон ва «мардуми дорои забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак» таъкид намуд.

Маҷид ибни Ризо барои мавқеи сиёсӣ ва кӯмакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон, ки «ба дастгирии давлат ва мардуми Эрон» равона шудаанд, изҳори сипос кардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Эрон кӯмаки башардӯстона ирсол карда буд. Корвони башардӯстона иборат аз 110 мошини боркаши калон 18 марти соли равон аз Душанбе ба Эрон равона шуд. Ҳаҷми умумии бор 3610 тонна аст. Ба он 45 тонна доруворӣ, маводи санитарӣ-гигиенӣ, либос барои кӯдакон, маҳсулоти ғизоӣ, ашёи зарурии рӯзгор, рахти хоб, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар чизҳои зарурӣ дохил мешуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *