Тоҷикиситон аз суди Гаага хориҷ мешавад?

Тоҷикистон масъалаи қатъи иштироки худро дар Низомномаи Рим санади таъсисдиҳандаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ баррасӣ мекунад. Дар ин бораи сомонаи Парлумони кишвар хабар додааст.

Рӯзи 16-уми сентябр Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қарор «Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ»-ро, ки ҳамчун суди Гаага низ маъруф аст, баррасӣ кард.

Дар хабари парлумон сабаби пешниҳоди тарҳ, муҳтавои қарори қабулшуда ва муҳлати эҳтимолии қатъи узвият мушаххас нашудааст.  Дар феҳристи шартномаҳои СММ Тоҷикистон ҳамоно иштирокчии Низомномаи Рим сабт шудааст.

Тоҷикистон Низомномаи Римро 30-юми ноябри соли 1998 имзо ва 5-уми майи соли 2000 тасдиқ кардааст. Ин санад аз 1-уми июли соли 2002 барои кишвар эътибор пайдо намуд. Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказист, ки ба он ҳамроҳ шудааст.

Хабаргузориҳои РБК, «Ведомости» ва «Коммерсантъ» ба баррасии ин тарҳ таваҷҷуҳ карда, онро дар заминаи баҳси боздошти Путин шарҳ додаанд.  

Ёдовар мешавем, ки Суди байналмилалии ҷиноятӣ 17-уми марти соли 2023 қарори боздошти президенти Русия Владимир Путинро содир кард. Ӯ ба ҷиноятҳои эҳтимолии ҷангӣ вобаста ба интиқол ва ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина муттаҳам мешавад. Путин ва мақомоти Русия ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

Дархости боздошт ба Тоҷикистон 2-юми майи соли 2023 расонида шуда буд. Пеш аз сафари Путин ба Душанбе, 25-уми сентябри соли 2025, мақомоти Тоҷикистон ба суд ҷавоб доданд, ки иҷрои онро имконнопазир медонанд.

19-уми марти соли 2026 суд муайян кард, ки Тоҷикистон дархости ҳамкориро иҷро накардааст. Моҳи май ин масъала ба Маҷмаи давлатҳои иштирокчии Низомномаи Рим ирсол гардид.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки мутобиқи Конститутсия ва қонунгузории Тоҷикистон, бекор кардани шартномаи тасдиқшуда ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон дохил мешавад. Барои Низомномаи Рим тасдиқи Маҷлиси миллӣ ё имзои президент ҳамчун шарти алоҳидаи бекоркунӣ талаб намешавад.

Баъди анҷоми расмиёти дохилӣ Тоҷикистон бояд Дабири кулли СММ-ро хаттӣ огоҳ кунад. Хориҷшавӣ танҳо як сол баъди гирифтани ин огоҳинома эътибор пайдо мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *