Боздошти сокини Душанбе бо ваъдаи дохил кардан ба коллеҷи тиббӣ

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сокини 44-солаи шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ боздошт кардаанд.

Ба иттилои мақомоти милитсия, гумонбар Шарифҷон Гадоев ном дошта, қаблан ду маротиба суд шудааст.

Тибқи санҷиши пешакӣ, ӯ ба боварии шаҳрвандон даромада, бо ваъдаи дохил кардан ба коллеҷи тиббӣ, гирифтани варақаи имтиҳонӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ аз онҳо маблағ гирифтааст.

Мақомот мегӯянд, то ин дам вобаста ба ваъдаи дохил кардан ба коллеҷи тиббӣ 4 ҳолати эҳтимолии қаллобӣ ошкор шудааст.

Айни замон тафтишоти пешакӣ идома дошта, эҳтимоли даст доштани гумонбар дар ҳолатҳои дигари ҷиноятӣ низ санҷида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *