Истиқболи ғолиби «Мураббии соли Тоҷикистон – 2026» дар Бохтар (видео)

Дилрабои Ҳотамшо, мураббии Муассисаи давлатии таълимии томактабии №7-и шаҳри Бохтар, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» гардид. Ӯро дар доираи чорабинии бахшида ба Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Бохтар бо тантана истиқбол гирифтанд.

Дар чорабинӣ Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар, омӯзгорон, хонандагон ва собиқадорони соҳаи маориф иштирок карданд.

Раиси шаҳр кормандони соҳаи маорифи Бохтарро ба муносибати ин дастовард табрик гуфта, пирӯзии Дилрабои Ҳотамшоро дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» мояи ифтихор арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки чунин дастовардҳо натиҷаи меҳнати содиқона, таҷрибаи касбӣ ва маҳорати баланди кормандони соҳаи маориф мебошанд.

Дилрабои Ҳотамшо дар баробари фаъолияти тарбиявӣ ба таҳияи маводи методӣ низ машғул аст. Ӯ муаллифи дастурҳои методии «Банақшагирии машғулиятҳои таълимӣ» ва «Донишнома» буда, беш аз шаш мақолаи илмӣ-методӣ таҳия кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *