Нашри куллиёти Фурӯғи Фаррухзод бо маблағи мухлисонаш дар Тоҷикистон

Дар Рӯзи забон,  5 октябр дар Душанбе «Куллиёти осор»-и Фурӯғи Фаррухзод, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои шеъри муосири форсӣ, бо талоши шоир ва пажӯҳишгари тоҷик Исмоил Зарифӣ дастраси хонандагон гардид. Ин китоб 752 саҳифа дошта, бо теъдоди 300 нусха ва муҳимтар аз ҳама бо маблағи худи мухлисони Фурӯғ ба табъ расидааст.


Нашри дастҷамъӣ

Ба гуфтаи Исмоил Зарифӣ, барои гирдоварӣ, таҳия ва омода кардани ин китоб наздики 10 сол заҳмат кашидааст. Ӯ қаблан низ соли 2020 «Куллиёти ашъор»-и Фурӯғи Фаррухзодро дар Тоҷикистон ба нашр расонида буд.
Нашри китоб қиссаи ҷолибе ҳам дорад. Тақрибан як моҳ пеш аз чоп Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки «Куллиёт» омодаи нашр аст, аммо барои чоп маблағ надорад. Ӯ аз дӯстдорони шеъри Фурӯғ хост, ҳар нафаре, ки мехоҳад соҳиби китоб шавад, маблағи нусхаи худро пешакӣ пардохт кунад. Ин даъват бепосух намонд. Мухлисони осори Фурӯғ маблағи заруриро ҷамъ оварданд ва «Куллиёт» ба табъ расид.
«Куллиёти осор» бо тамғаи Муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дар чопхонаи «Бебок» чоп шудааст. Тибқи маълумоти китоб, он 2 сентябри соли 2026 ба матбаа супурда шуда, адади нашраш 300 нусха аст.

 
Аз «Асир» то «Имон биёварем…»

“Куллиёти осор”-и Фурӯғи Фаррухзод бо сарсухани муфассали пажӯҳишгари эронӣ Амир Судбахш оғоз шуда, ҳамчунин, “Дардвора” ном шеъри Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ дар пешгуфтори китоб омадааст.
Баъши аввали “Куллиёти осор” аз осори назмии шоир фароҳам омадааст. Он аз панҷ дафтари машҳури шоир иборат аст: «Асир», «Девор», «Исён», «Таваллуди дигар» ва «Имон биёварем ба оғози фасли сард». Ҳамчунин, дар идома 14 шеъри манташирнашудаи шоир оварда шудааст.  
 

На танҳо шеър…

Бахши дигари китоб аз тарҷумаҳои шоир фароҳам омадааст. Дар ин ҷо тарҷумаҳои Фурӯғ аз 26 шоиру нависандаи аврупоӣ, аз ҷумла Ҳанс Адлер, Бруно Аммеринг, Георг Бриттинг, Ҳерман Брох, Алберт Эренштейн, Ричард Фридентал, Георг Ҳайм, Ҳедвиг Лахман, Элзе Ласкер-Шюлер, Стефан Свейг, Макс Брод, Райнер Мария Рилке ва чанд муаллифи дигар гирд оварда шудаанд.
Бахши насри “Куллиёти осор”-и Фуруғи Фаррухзод аз шаш достон (ҳикоя), аз ҷумла «Кобус», «Шикаст», «Андӯҳи фардо», «Дӯсти кӯчаки ман», «Интиҳо» ва «Бетафовут», порча аз романи нотамоми шоир таҳти унвони «Ин дунёи кӯчак» ва сафарномаи «Дар диёре дигар» фароҳам омадааст.
Дар бахши дигари китоб ду мақолаи Фурӯғ – «Нигарише бар шеъри имрӯз» ва «Баррасии “Охири Шоҳнома» нашр шудааст. Бахши охири китоб «Китоби номаҳо» аст, ки аз номаҳои Фурӯғ ба дӯстону пайвандон фароҳам омадааст. “Куллиёти осор”-и Фурӯғи Фаррухзод бо матлаби «Фурӯғ ва шеър», ки андешаҳои ин шоири маъруф дар бораи шеър аст, ба анҷом мерасад.


 
Фурӯғи Фаррухзод кӣ буд?

Фурӯғи Фаррухзод (1934–1967) яке аз таъсиргузортарин шоирони Эрони асри XX ва аз чеҳраҳои асосии шеъри нави форсӣ аст. Ӯ 27 декабри соли 1934 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Хонаводаи онҳо серфарзанд ба дунё омада, дар ҷавонӣ рассомӣ ва дӯзандагиро омӯхтааст.  

Фурӯғ дар синни 16-17-солагӣ бо Парвиз Шопур издивоҷ кард ва соҳиби писаре бо номи Комёр шуд. Ин издивоҷ дер напоид ва пас аз ҷудоӣ сарпарастии фарзандаш ба падар вогузор гардид. Ҷудоӣ аз писар яке аз таҷрибаҳои сахти зиндагии ӯ буд ва дар осораш низ акси худро ёфт.

Нахустин маҷмуаи ӯ «Асир» соли 1955 чоп шуд. Баъдан «Девор» (1956), «Исён» (1958) ва «Таваллуди дигар» (1964) нашр шуданд. «Имон биёварем ба оғози фасли сард» ба марҳалаи охирини эҷодиёти ӯ тааллуқ дорад. Шеъри Фурӯғ бо садои ошкорои занона, баёни эҳсос, муҳаббат, танҳоӣ, озодӣ ва муқовимат ба қолабҳои иҷтимоӣ дар адабиёти форсӣ падидаи нав ба шумор меравад.

Фурӯғ танҳо шоир набуд. Ӯ ба синамо низ рӯ овард ва соли 1962 филми мустанади машҳури «Хона сиёҳ аст»-ро дар бораи зиндагии беморони махав сохт. Ин филм дар хориҷ аз Эрон эътирофи ҷиддӣ пайдо кард ва дар ҷашнвораи Оберҳаузени Олмон ҷоиза гирифт.

Фурӯғи Фаррухзод 14 феврали соли 1967, дар 32-солагӣ, дар пайи садамаи автомобилӣ дар Теҳрон даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *