Таҷлили Шаби Ялдо дар Тоҷикистон
Дар деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат, бо ҳузури сокинони маҳаллӣ, фарҳангиён ва чанде аз эрониёни муқими Тоҷикистон таҷлили Шаби Ялдо баргузор шуд.

Маросими мазкур аз ҷониби Шаҳобиддин Фаррухёр, эронии муқими Тоҷикистон ташкил шудааст. Ӯ ҳамасола ҷашни Шаби Ялдоро бо мардуми деҳа пешвоз мегирад.

Ин ҷашн бо шеъру таронахонӣ, рақсу шодӣ, тақсими туҳфаҳо ба кӯдакон ва дигар анъанаҳои он доир мегардад.

Инчунин ҷашни Шаби Ялдор дар Сафорати Эрон дар Душанбе бо ширкати эрониёни муқими Тоҷикистон ва ҷамъе аз фарҳангиёни тоҷик баргузор гашт.

Шаби Ялдо бо иштироки Абдулқодир Талбаков(Ориёмеҳр Зардушт) ва фарҳангиёни Тоҷикистон дар тарабхонаи “ Изумруд”- и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола шаби 21 ба 22-юми декабр шаби Ялдо ҷашн гирифта мешавад. Ялдо шаби дарозтарини сол аст ва пас аз он рӯзҳо дарозтару шабҳо кутоҳтар мешаванд. Шаби Ялдо аз анъанаҳои қадимии халқи мо буда, миёни тоҷикон, ҳамчунин, бо номи шаби Чилла маъруф аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ