Кинотеатри таърихии Ariana Cinema дар Кобул вайрон шуд
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон кинотеатри маъруфи Ориёно (Ariana Cinema) моҳи декаби ҳамин сол аз ҷониби ҳукумати Толибон* вайрон шудааст. Дар назар аст ба ҷояш маркази савдо бунёд шавад.
Кинотеатри номбурда яке аз муҳимтарин толорҳои намоиши филм дар Кобул буда аз соли 1963 фоъолият карда макони фарҳангӣ ва фароғатӣ ба ҳисоб мерафт.
Кинотеатри Ориёно аввалин маротиба дар 1963 кушода шуда, ҳамчун макони тамошои филмҳо аз Ҳиндустон, Эрон, Русия ва кишварҳои дигари ҷаҳон маъруф будааст.
Пас аз ҷангҳои дохилӣ (1992–1996) бино вайрон шуд ва дар 2004, бо кӯмаки созмонҳои фаронсавӣ ва кинофилм-созон барқарор гардида буд.
Аз соли 2021, баъди бозгашти Толибон* ба қудрат ва манъи аксар чорабиниҳои фароғатӣ ва санъатӣ, кинотеатр аз фаъолият бозмонд ва танҳо барои пахши филмҳои пропагандӣ истифода мешуд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ