Терроризмро дар Душанбе муҳокима мекунанд

Дар Душанбе рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор мешавад.

Ин ҳамоиш бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон, СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ҷараён мегирад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1 май хабар дод, ки то ба имрӯз барои ширкат дар ин ҳамоиш 400 иштироккунанда аз 46 кишвари ҷаҳон ва 30 созмони байнламилаливу минтақавӣ ариза додааст. Дар ин ҳамоиш масоили ҷилавгирӣ аз амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар амри муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо ва ҳамкориҳо дар самти муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ баррасӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *