Тест: Шумо ба зудӣ ошиқ мешавед?

Бузурге фармудааст: «Ишқ оташ аст, агар набошад, зиндагӣ сарду бемаънист, вале агар ноҷо афтад, хонаву хонумон ҳамаро месӯзад! Афроде ҳастанд, ки бо як нигоҳ ошиқ шуда, ба ғуломи ҳалқабаргӯши маҳбубашон табдил меёбанд, вале иддаи дигар чунон ҳушёру зираканд, ки ҳатто дар ҷодаи муҳаббат ҳеҷ гоҳ саргум намезананд. Шумо ба садои дили худ гӯш медиҳед ё ба садои ақл? Барои ба ин савол посух ёфтан ба саволҳои санҷишномаи мазкур содиқона ҷавоб гуфта муайян намоед, ки ҳангоми ошиқ шудан сари калобаатонро гум мекунед ё мушкилиҳои роҳи ишқро ба осонӣ паси сар менамоед.

  1. Бо шумо шинос шудан осон аст?

а) Танҳо дар сурате, ки инсон ба ман писанд бошад, бо камоли майл шинос мешавам -2.

Б) Бо нафарони ношинос робита намекунам-3.

В) Пешниҳоди якҷоя хӯрок хӯрданро рад намекунам-1.

  1. Ба фикри шумо ишқ аз нигоҳи аввал чист?

А) Табларзае, ки бо сабаби  бозии ҳормонҳо пайдо мешавад.

Б) Парвози бе болу пар дар самои орзуҳои ширин-1.

В) Шабаҳ аст, чунки касе бо чашмаш онро надидааст-3.

  1. Кадоме аз ин гуфтаҳо ба шумо наздиктар аст:

А) «Муҳаббати охирин фаромӯшношуданист»-2.

Б) « Муҳаббати асил муҳаббати аввалин аст»-3.

В) «Ҳар бори ошиқ шудан ишқ ба кас шодиву нишот меорад»-1.

  1. Кадоме аз шеърҳои номбаршуда ба дили шумо наздиктар аст:

А) «Дилам моломоли фараҳ аст…»-1.

Б) «Баҳорам, дар интизоратам…»

В) «Муҳаббат охир надорад»-3.

  1. Шумо чӣ гуна хоб мебинед?

А) Ошиқона-1.

Б) Муқаррарӣ- 3.

В) Шаҳвонӣ-2.

  1. Шумо метавонед ба садои инсон ошиқ шавед?

А) Бале-3.

Б) Не-2.

В) Бо ман чунин ҳодиса рух дода буд-1.

  1. Дар сафару саёҳат ошиқ шудаед?

А) Не-3.

Б) Бале-1.

В) Ошиқшавӣ танҳо ба шахси муҷаррад мезебад-2.

  1. Бароятон муҳим аст, ки дар ҳаётатон меҳру муҳаббат вуҷуд дошта бошад?

А) Бале-1.

Б) Баъзан-3.

В) Бе муҳаббат ҳам рӯзгори хуб дорам-2.

  1. Барои ба даст овардани дили нафари бароятон мақбул ба кирдори ғайриодӣ қодир ҳастед?

А) Шояд-3.

Б) Не-2.

В) Бале-1.

  1. Дар кадом синну сол сахт ошиқ шуда будед?

А) Дар наврасӣ-1.

Б) Дар ҷавонӣ-2.

В) Дар миёнасолӣ-3.

Холҳоро ҳисоб карда бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

Аз 10 то 16 хол

Замоне, ки шумо ошиқ мешавед, эҳсосоти худро идора карда наметавонед. Дар интихоби бахт ҳушёр бошед ва ба ҳар нафари пешомада дил набандед.

Аз 17 то 23 хол

Шумо аз зумраи нафароне нестед, ки бо тамоми ҳастӣ ошиқ мешаванд, вале баъзан аз ҳад зиёд эҳтиёт мекунед. Андешаҳои мағшушро аз саратон дур намоед. Фаромӯш насозед, ки дили ошиқро фиреб карда намешавад.

Аз 24 то 30 хол

Садоқату вафодорӣ се навъ мешавад: баъзеҳо садоқатро қарзи виҷдон мешуморанд, иддаи дигар танҳо дар он сурат содиқ мемонанд, ки шахс барояшон аз ҳад азиз бошад, тоифаи сеюм чунон содиқанд, ки баъди аз даст додани маҳбубашон танҳоиро авло медонанд.  Ба тоифаи дуюм дохил мешуда бошед, мо шуморо табрик мекунем, агар не, ба қалби худ имкон диҳед, ки дӯст дорад, зеро зиндагӣ бо муҳаббат зебост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *