Тест: Шумо шахси гаправ ҳастед?

Ба саволҳои санҷишнома ҷавоб гуфта, муайян созед, ки шумо то кадом андоза одами гаправ ҳастед ва зери таъсири одамони бегона мемонед.

  1. Дар бораи ягон парҳези навбаромад аз касе шунавед, чӣ кор мекунед?

А) Дарҳол санҷида мебинед.

Б) Дудила мешавед: рафту зарар кунад, чӣ?

  1. Дар пӯсти рӯятон ягон намуди сурхӣ пайдо шавад, чӣ кор мекунед?

А) Аз шарм ба кӯча намебароед.

Б) Дарҳол дар фикри пешбарии тарзи ҳаёти солим мешавед.

  1. Баробари нотоб гаштан назди табиб мешитобед, зеро …

А) Метарсед, ки барои табобат дер нашавад.

Б) Метарсед, ки шифо намеёбед.

  1. Дар бораи сарфакор будани нафаре шунида, ба хулосае меоед, ки:

А) Кори хуб мекунад.

Б) Шубҳа мекунед: Дар ин умри кӯтоҳ пулро сарфа кардан шарт аст?!

5. Бегоҳирӯзӣ нафаре аз пасатон соя барин қадам занад, чӣ кор мекунед:

А) Аз тарс поятон ба ларза медарояд.

Б) Парво намекунед, дукаса қадам мондан беҳтар аст.

  1. Агар вазъият дар коргоҳ тезутунд гашта, муносибати ҳамкорон ба асаби шумо мерасида бошад:

А) Бештар табассум карда, ҳазлу шӯхиро ба кор мебаред.

Б) Дорувориҳои таскинбахшро истеъмол намуда, ҳатто ба табиб муроҷиат мекунед.

Акнун бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

Ҷавобҳои бештари варианти «а»

Шумо хеле фаъол буда ба тамоми тағйиротҳое, ки дар гирду атрофатон рӯй медиҳанд, диққат медиҳед, вале ҳушёру зирак ҳастед. Ҳеҷ гоҳ зери таъсири бегонагон мемонед. Сабру таҳаммули зотиатон ба шумо имкон медиҳад, ки фишори руҳӣ ва бемориҳоро мардона паси сар намоед.

Ҷавобҳои бештари варианти «б»

Шумо нисбати худ хеле сахтгир ҳастед. Ба ҳунару маҳорати худ чандон боварӣ надоред, аз ҳамин сабаб бисёр вақт зери таъсири дигарон мемонед. Баъзан бар зарари худ ва саломатиатон амал мекунед.Фаромӯш накунед, ки саломатӣ ганҷи бебаҳо аст, дар дигар корҳо ба ақидаи атрофиён амал намоед ҳам, дар масъалаи саломатӣ эҳтиёткор бошед ва санҷидаю насанҷида ҳар чизро хӯрдан нагиред. Беҳтараш ба мутахассис муроҷиат карда, бо маслиҳати табиб табобат бигиред.

Таҳияи Нодираи Раҷаб

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *