Тирпарронӣ дар Вашингтон. Президент ва ҳамроҳонаш эвакуатсия шуданд

Президенти ИМА Доналд Трамп дар пайи ҳодисаи тирпарронӣ аз толори меҳмонхона фавран берун бароварда шуд. Ҳодиса дар Washington Hilton зимни баргузории зиёфати Ассотсиатсияи мухбирони Кохи Сафед рух дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, садои тирпарронӣ дар беруни толор шунида шуда, кормандони амниятӣ зуд сарвари давлатро иҳота ва аз ҷойи ҳодиса берун карданд. Ҳамчунин, хонуми аввал Мелания Трамп ва котиби матбуотии Кохи Сафед Каролин Левит низ ба ҷои амн интиқол дода шуданд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамлагар  марди 31-солаи шаҳрванди ИМА буда, боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ тавонистааст як корманди Хадамоти махфиро бо силоҳ захмӣ кунад. Худи гумонбар низ маҷруҳ шуда, айни ҳол дар беморхона қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *