Милисаи қалбакӣ дар Душанбе боздошт шуд

Дар шаҳри Душанбе Бахтовар Зокиров бо гумони содир намудани чандин ҳолати қаллобӣ боздошт гардид.

Ба иттилои мақомот, ӯ 29 сол дошта, худро ҳамчун корманди баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо баҳонаҳои гуногун аз шаҳрвандон маблағҳои калон ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, гумонбар маблағҳоро барои манфиати шахсӣ истифода бурда, дар баъзе ҳолатҳо ба таҳдид ва тамаъҷӯӣ низ даст задааст.

Айни замон аз рӯйи ин қазия санҷиш идома дошта, аз шаҳрвандоне, ки шояд аз амали ӯ зарар дидаанд, хоҳиш шудааст, ба мақомоти милитсия муроҷиат кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *