Абдунабӣ Сатторзода доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия интихоб шуд

Донишманди маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба унвони доктори фахрии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия (Honoris Causa) сарфароз гардид.

Чунин қарорро Шӯрои илмии муассисаи мазкур дар ҷаласаи 4 марти соли 2026 қабул намудааст. Дар номаи расмии роҳбарияти институт, ки бо имзои академик В.В. Наумкин тасдиқ шудааст, ва он ба дасти мо расид, зикр мешавад, ки ин унвон ба хотири саҳми назарраси олим дар таҳқиқи таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва рушди илмҳои гуманитарӣ ба ӯ дода шудааст.

Дар ҳуҷҷат таъкид гардидааст, ки корҳои илмии Абдунабӣ Сатторзода бо фарогирии васеи масъалаҳои забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ, ҳамчунин бо равиши интиқодӣ ва аслияти таҳқиқотӣ, арзиши баланди миллӣ ва байналмилалӣ доранд. Ба хулосаи шӯрои илмии Институти зикршуда, пажӯҳишҳои Абдунабӣ Сатторзода марзҳои равишҳои байнисоҳавиро дар илмҳои гуманитарӣ густариш дода, таваҷҷуҳи доираҳои илмиро ҷалб кардаанд.

Ҳамчунин, саҳми олим дар рушди фарҳангшиносӣ, назарияи шеър ва забоншиносии тоҷикӣ назаррас арзёбӣ шуда, таъкид шудааст, ки доираи васеи дониш ва таҷрибаи илмии ӯ барои олимони муосир намунаи ибрат мебошад.
Қобили зикр аст, ки унвони доктори фахрӣ яке аз баландтарин нишонаҳои эътирофи байналмилалии дастовардҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, профессор Абдунабӣ Сатторзода донишманди маъруфи тоҷик буда, дар риштаҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ, сиёсатшиносӣ ва таҳқиқи равобити байналмилалӣ пажӯҳиш мебарад. Номбурда, доктори илми филология, профессор, узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *