ғарқшавӣ

Боздошти хушдоман бо гумони ба марг расонидани келин

Вазорати корҳои дохилӣ як зани 44-сола аз ноҳияи Айниро бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш боздошт кардааст.

Ин ниҳод рӯзи 23-юми апрел навиштааст, ки ин хушдоман аз моҳи декабри соли 2023 то кунун нисбати келини 21-солааш аз ноҳияи Айнӣ муомилаи бераҳмона анҷом дода, “мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Дар ҳоле, ки назари гумонбар маълум нест, мақомот алайҳаш бо гумони ба худкушӣ расонидан (қисми 2, моддаи 109 КҶ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *