Даргузашти нависанда ва рӯзноманигор Неъматуллоҳи Худойбахш

Нависанда ва рӯзноманигори шинохта Неъматуллоҳи Худойбахш дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Марҳум дар рушди адабиёти муосири тоҷик саҳми арзанда гузошта, муаллифи як қатор асарҳои мансур, аз ҷумла «Кӯтали харкуш», «Дунё калон аст, ака», «Амаки Абдуқуддус», «Ишқи духтари Кӯлоб» ва «Гӯшвори тило» мебошад. Осори ӯ миёни хонандагон маҳбубият дошта, бо забони содда ва мазмуни зиндагисозаш фарқ мекарданд.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз, 24 апрел, пас аз намози аср дар масҷиди «Ҳаёти нав», воқеъ дар паҳлӯи Автовокзали ноҳияи Сино баргузор мегардад.

Суроғаи манзили равоншод: кӯчаи Асадулло Ғуломов, 11/10, наздики чойхонаи «Сайёҳ», рӯ ба рӯи Автовокзал.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *