Хатлон: Мудири маорифи Қубодиён иваз шуд
Ҳикматулло Ҳакимзода мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Қубодиён таъин шуд. Ӯ ба ҷойи Саъдулло Мирзоев ба ин мансаб таъин шудааст.
Ҳикматулло Ҳакимзода то расидан ба ин масъулият, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон муовин ва чанд вақти охир директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар вилояти Хатлон фаъолият кардааст.
Саъдулло Мирзоев чанд соли охир мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Қубодиён буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ