Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуданд
Комиссияи Аврупо се бонки Тоҷикистон – “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро аз рӯйхати таҳримҳои қаблан ҷоришуда хориҷ намуд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим дар натиҷаи муколама ва ҳамкориҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ гирифта шуда, барои таҷдиди назар кардани маҳдудиятҳои пешина заминаи мусоид фароҳам овардааст. Рӯйхати нави муассисаҳои аз таҳрим хориҷшуда дар сомонаи Иттиҳоди Аврупо низ нашр гардидааст.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом натиҷаи густариши ҳамкориҳо бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии комплаенс ва таҳкими мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ мебошад.
Ба гуфтаи ниҳоди танзимгар, хориҷ шудани бонкҳо аз рӯйхати таҳримҳо метавонад ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, баланд гардидани эътимоди сармоягузорон ва густариши хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар таъсири мусбат расонад.
Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани шаффофият ва мутобиқсозии низоми бонкӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ идома хоҳад ёфт.
Бо вуҷуди ин, худи бонкҳои аз таҳрим хориҷшуда то ҳол дар ин маврид изҳороти расмӣ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ