Агрегати №7-и НБО «Норак» пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз, 24 апрел Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак, агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии Норакро пас аз таъмиру навсозии пурра мавриди истифода қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои таҷдид моҳи октябри соли 2024 оғоз ёфта, дар муҳлати муқарраршуда бо сифати баланд анҷом дода шуданд. Паймонкори асосии лоиҳа ширкати Andritz Hydro буда, корҳои зерпаймонӣ аз ҷониби ҶСК “Тоҷик СГЕМ” иҷро гардид.
Дар доираи лоиҳа таҷҳизоти асосии гидроагрегат пурра нав карда шуда, технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ гардиданд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки кори агрегат боэътимод ва самаранок ба роҳ монда шуда, муҳлати истифодаи он барои солҳои дароз таъмин гардад.
Маблағгузории навсозии агрегати №7 дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ амалӣ шуда, барои татбиқи он 34 миллион евро қарз ҷалб гардида, инчунин 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ равона шудааст.
Пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии агрегат афзоиш ёфта, он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Зикр гардид, ки корҳои навсозии Неругоҳи барқи обии Норак аз соли 2019 оғоз ёфта, то имрӯз 3 агрегати он пурра иваз карда шудаанд. Дар натиҷа, иқтидори неругоҳ 260 мегаватт зиёд гардидааст, ки аз иқтидори пурраи неругоҳи “Сангтуда-2” бештар мебошад.
Ҳоло навсозии агрегати чоруми неругоҳ идома дошта, тибқи нақша, ҳамаи агрегатҳо бо харҷи умумии 750 миллион доллари амрикоӣ то соли 2032 нав карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди ҳамаи неругоҳҳои барқии кишвар зиёда аз 1 миллиард доллар равона гардида, муҳлати хизмати онҳо барои 70–80 соли дигар тамдид мегардад.
Зимни шиносоӣ Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мутахассисон баҳои баланд дода, рушди соҳаи энергетикаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки истифодаи самараноки таҷҳизоти нав, нигоҳдории босифат ва омодасозии кадрҳои баландихтисосро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба таҳкими истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва густариши имкониятҳои истеҳсоли неруи “сабз” мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Шарҳ