Коҳиши тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон дар пасманзари буҳрони минтақавӣ
Гардиши тиҷорат байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи марти соли ҷорӣ нисбат ба моҳи қаблӣ 9,8 дарсад коҳиш ёфт. Ин поёнравӣ дар пасманзари ҷанги Эрону Амрико аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии савдои байни ду кишвар дар моҳи март 40,6 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба моҳи феврал 4,4 миллион доллар камтар мебошад.
Ин, пеш аз ҳама аз ҳисоби коҳиш ёфтани содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба Эрон ба амал омадааст. Ҳаҷми содирот қариб се баробар коҳиш ёфта, аз 10,6 миллион доллар дар моҳи феврал то ба 3,9 миллион доллар дар моҳи март расидааст.
Дар баробари ин, воридоти молҳои эронӣ ба Тоҷикистон тамоюли афзоиш нишон дода, 7,9 дарсад зиёд шудааст. Ҳаҷми воридот аз 34 миллион доллар ба 36,7 миллион доллар расидааст.
Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввал, ҳиссаи Эрон дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон тақрибан 4,5 дарсадро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди чунин коҳиши муваққатӣ, дар маҷмӯъ, дар панҷ соли охир савдои байни Тоҷикистон ва Эрон рушди устуворро нишон медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта, гардиши мол 28,1 дарсад афзоиш ёфта, аз 377,7 миллион доллар дар соли 2024 то тақрибан 484 миллион доллар расидааст.
Содироти Тоҷикистон ба Эрон дар соли гузашта тақрибан 113 миллион долларро ташкил дода, воридоти молҳои эронӣ ба кишвар беш аз 371 миллион долларро дар бар гирифтааст. Ҳиссаи Эрон дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 4,5 дарсад баробар шудааст.
Асоси содироти Тоҷикистон ба Эронро молҳои ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, риштаи пахтагӣ, инчунин баъзе намудҳои маъдан ва металлҳо ташкил медиҳанд.
Дар навбати худ, аз Эрон ба Тоҷикистон бештар маҳсулоти нафту кимиё, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, инчунин полимерҳо, аз ҷумла намудҳои гуногуни полиэтилен ворид карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ