Ҷанги Эрону Амрико. Иқтисоди ҷаҳон гулӯгир мешавад? (видео)
Таниши низомӣ миёни Эрон, Амрико ва Исроил яке аз мавзуҳои доғ дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Он ба иқтисоди ҷаҳон низ бетаъсир намонд. Болоравии нархи нафт, бесуботӣ дар бозорҳои молиявӣ, заиф шудани занҷираҳои таъминот ва афзоиши қиматӣ дар кишварҳои гуногун аз ҷумлаи паёмадҳои он ба шумор мераванд. Ин мавзӯъро дар суҳбати рӯ ба рӯ бо коршиноси масоили иқтисодӣ Абдурақиб Қодиров ба миён гузоштем.
Зарбаи аввал
– Аз оғози танишҳои шадид миёни Эрон, Амрико ва Исроил қариб ду моҳ сипарӣ мешавад. Ба назари шумо, аввалин зарбаи иқтисодӣ ба кадом бахшҳои иқтисоди ҷаҳон расид: энергетика, логистика, бозорҳои молиявӣ ё тиҷорати байналмилалӣ?
– Он чӣ рух дод, аз нигоҳи таҳлилгарони ҷаҳонӣ баррасӣ шуда истодааст. Амрико ва Исроил бо ин амале, ки анҷом доданд, ба истилоҳ “ҷинро аз кӯза раҳо карданд”. Баъзеҳо гуфтанд, ки “хирси хуфтаро бедор намуданд”. Ҳатто як идда коршиносон изҳор доштанд, ки гулӯгоҳи Ҳурмуз танҳо як воҳиди ҷуғрофию табиӣ нест, балки он гулӯгоҳи иқтисоди ҷаҳон аст. Агар он баста шавад, иқтисоди ҷаҳон гулӯгир мешавад. Ин тавсифҳо аз диди аввал як навъ образнок ва шоирона ҳастанд. Аммо бозгӯи воқеияти ҳол мебошанд. Имрӯз, агар гулӯгоҳи Ҳурмуз баста шавад, ҳатто дар Бангладешу Бразилия, Африқои Ҷанубӣ низ таъсири онро эҳсос мекунанд.
– Гулӯгоҳи Ҳурмуз масири бисёр стратегӣ аст. Имрӯз баҳс низ байни Эрону Амрико атрофи он зиёд аст. Аз нигоҳи шумо, ин гулӯгоҳ барои иқтисоди ҷаҳон чӣ аҳамият дорад?
– Аз диди ҷуғрофӣ гулӯгоҳи Ҳурмуз дар баҳри Араб ҷойгир аст. Баҳри Араб, агар аз нимҷазираи Арабистон шуруъ шавад, то нимҷазираи Ҳиндустон мерасад. Гулӯгоҳи Ҳурмуз ду соҳил дорад. Яке дар ихтиёри Эрон аст, дигаре дар ихтиёри Уммон. Гулӯгоҳ масири дароз аст. Ба истилоҳи эрониҳо, тангаи Ҳурмуз як гулӯгоҳ дорад, ки он ҳудудан 30 километр аст. Эрониҳо дар ду соҳиле, ки ба ҳам пайванданд, монеа пеш оварданд. Онро чӣ гуна сохтанд? Аз заврақҳои артилерӣ истифода мекунанд, ки киштиҳои борбару нафткашро ҳадаф қарор медиҳанд. Баъзан, вақте ки ҳадаф қарор медиҳанд, ба киштӣ осеб мерасонанд. Аммо баъдан, оташи огоҳкунанда ё хориҷкунанда медиҳанд. Ин заврақҳои артилерӣ аз паноҳгоҳҳои зеризаминӣ, ки дар соҳили Халиҷ сохта шудаанд ва аксаран нонамоён ҳастанд, берун меоянд ва хеле босуръат ҳастанд. Дар паноҳгоҳҳо паноҳ мебаранд.
Агар аз диди бозори нафти ҷаҳонӣ назар кунем, дар як шабонарӯз ҳудуди 100 миллион бушка, ё 10 фисади нафти ҷаҳонӣ аз ҳамин тангаи Ҳурмуз убур мекунад. Аз ин ҷо кишварҳои нафтхези дунё, хусусан Арабистони Саудӣ, Аморати Араб, Қатар, Кувайт ва Эрон нафти худро ба Уқёнуси Ҳинд ворид мекунанд ва аз он ҷо ба Чину Аврупо мераванд. Вақте ки масир баста шуд, буҳрони шадид ба миён меояд. Ҳоло истеъмол дар дунё дар ҳоли афзоиш аст, талаботро қонеъ карда намешавад. Имрӯз мебинем, вақте ки танга баста шуд, дар Бангладеш, Ҳиндустон мушкили гази моеъ ба вуҷуд омад. Аввал навбатпоӣ буд. Баъди гузашти он ҳукуматдорон маҷбур шуданд, ки як навъ лимит ё меъёрро барои харидории нафт муқаррар кунанд.
– Дар бозори Аврупо чӣ рух дод?
– Ҳанӯз Аврупо дарк накардааст. Зеро кишварҳои Аврупо захираҳои старатегиеро, ки доранд, истифода мебаранд. Дар Аврупо қабл аз ҳама ҳамон навъи сӯзишворие, ки хусусияти авиатсионӣ дорад, яъне керосини авиатсионӣ, ки барои ҳавопаймоҳо истифода мешавад, захираи он тӯли чанд ҳафта кифоят мекунад. Аммо баъзе маъмурон гуфтанд, ки аз ҳавопаймо, нақлиёт камтар истифода кунед, бештар пиёда равед. Яъне, ин мушкилотро ҷомеаи Аврупо дар моҳи оянда эҳсос мекунад.
Аммо Хазинаи Байналмилалии Асъор диди ояндабиниро ба ҷаҳониён арз дошт. Агар мушкил байни Эрону Амрико дар ҳамин моҳи апрел ҳал нашавад, тангаи Ҳурмуз то тобистон баста шавад, иқтисоди ҷаҳон дучори таназзул мешавад. Дар ибтидои сол ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ, иқтисоди ҷаҳонро дар соли 2026 ҳадди ақал 3 фисад рақам зада буданд. Аллакай ин рақамҳо бозбинӣ мешаванд. Баъеҳо хушбин ҳастанд, аммо бархеи дигар нигоҳи манфӣ доранд. Ҳоло на танҳо дар бозори нафт, балки дар бозори гази табиӣ низ мушкил эҳсос мешавад. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷавобии Эрон бузургтарин корхонаи гази табиӣ дар Қатар мавриди ҳадаф қарор гирифт. Ин коргоҳ таъминкунандаи гази моэъи Аврупо мебошад. Айни ҳол он тахриб шуда ва фаъол нест. На 1 солу 2 сол, балки ҳудуди 5 сол таъмиру барқарор мешавад. Ҳатто, иқтисодшиносҳо гуфтанд, ки агар мушкили Эрону Амрико ҳал шавад, болоравии нарх, таъсири он то охири сол идома мекунад. Зеро занҷираҳои иқтисодӣ канда шуданд, пойгоҳҳои нафткаш мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Корхонаҳое, ки ба коркарди нафт машғул буданд, онҳо низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Барои барқарор кардани онҳо 1 солу 2 сол кифоя намекунад.

Манфиати Амрико
– Агар интиқоли нафт тавассути масири Ҳурмуз, ҳатто барои моҳҳои оянда қатъ ё халалдор гардад, ба бозори ҷаҳонӣ чӣ таъсир мерасонад?
– Киштиҳои амрикоӣ аз тангаи Ҳурмуз кам убур мекунанд. Амрико аз нигоҳи нафту газ худкифо аст. Бузургтарин содиркунандаи нафт дар дунё аст. Ба гулӯгоҳи Ҳурмуз, ба нафте, ки аз халиҷи Форс истихроҷ мешавад, ҳеҷ ниёз надорад. Аммо барои танзими нархе, ки дар дунё ҳаст, амрикоиҳо манфиатдоранд. Чаро? Онҳо маҷбур шуданд таҳти талошҳое, ки Эрон барои бастани Ҳурмуз кард, аввал нафти Русияро, ки зери таҳрим қарор дошт, як моҳ иҷозати фурӯш диҳанд. Баъдан ин муҷавизро як моҳи дигар тамдид карданд. Русҳо аз ин манфиати бештар бардоштанд. Ин ҷо як масъала аст ва эрониҳо дарк карданд: гулӯгоҳи Ҳурмуз метавонад аз диди иқтисодӣ ва молиявӣ манфиати бештар дошта бошад.
– Чӣ гуна?
– Иқтисоддонҳо рақам заданд, ки агар тангаи Ҳурмузро Эрон пулакӣ кунад, зиёда аз 100 миллион доллар дар як сол фоида мебинад. Яъне, фоидае, ки Эрон аз ҳисоби фурӯши нафту газ мебинад, ҳудуди 50-60 миллиард доллар аст.
Буҳрони иқтисодӣ
– Оё таниши Эрону Амрико метавонад ба буҳрони нави иқтисодии ҷаҳонӣ замина гузорад?
– Аллакай буҳрони иқтисодӣ шуруъ шудааст. Бисёриҳо баъди буҳроне, ки дар замони коронавирус шуда буд, умед доштанд, ки дунё аз диди иқтисодӣ шукофо хоҳад шуд. Аммо зиёне, ки аз таниши низомӣ байни Амрикову Исроил ва Эрон ба миён омад, аз таъсири коронавирус низ бештар аст.
– Аз кадом дидгоҳ?
– Якум, ин низоъ фазои эътимодро аз байн бурд. Ҳатто арзиши тило поён рафт. Аммо дар замони коронавирус арзиши тило поён нарафта буд. Чунки бонкҳои марказӣ тилоро барои рӯзи мабодо, ҳолатҳои буҳронӣ захира мекунанд. Вақте ки ҳолати буҳронӣ ба миён омад, дар бозор таваррум рӯ зад. Дастрасӣ ба захираҳои асъор кам шуд. Ба хотири нигоҳ доштани қурби пулҳои миллӣ, дар натиҷа бонкҳо маҷбур шуданд, ки захираҳои старегиро ба бозор бароранд. Амрико, кишварҳои Аврупо чӣ кор карданд? Онҳо захираҳои стратегии нафту газ доштанд, ба бозор бароварданд. Ҳатто имтиёзҳои андозӣ муқаррар карданд. Дар соли коронавирус чунин набуд.
Дуюм, эътимод ба доллар коҳиш ёфт.
Сеюм, занҷираҳои иқтисодӣ аз байн рафтанд. Иқтидорҳои истеҳсолӣ, ки тӯли даҳсолаҳо бунёд шуда буданд, осеб диданд. Онҳоро дубора бояд барқарор кард.
Таъсири ҷанг ба Тоҷикистон
– Аз нигоҳи шумо, дар таниши низомиии Эрону Амрико ва Исроил кадом кишварҳо бештар осеб диданд?
– Кишварҳои Араб, ҳампаймони Амрико захираҳои саршори нафту газ доранд, аммо ба кӣ мефурӯшанд? Боз ба ҳамон кишварҳое, ки истеъмолгар ҳастанд: Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳо. Баъдан, кишварҳои нимҷазираи Араб – Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳида, Кувайт, Қатар, Баҳрайн, Уммон ва ғайрра пулеро, ки аз фурӯши нафту газ ба даст меоранд, ба иқтисоди кишварҳои истеъмолгар сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо пулҳои сармояи худро дар бонкҳои худ нигоҳ намедоранд.
– Чӣ гуна танишҳо миёни Эрону Амрико ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд?
– Иқтисоди дунё як организмро мемонад. Вақте ки дар як канори дунё хурӯсе бонг мезанад, дар гӯшаи дигар он шунида мешавад. Масалан, тангаи Ҳурмуз яке аз шоҳрагҳои хунгарди иқтисоди дунё аст. Нафте, ки аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад, барои кулли дунё аст.
Мо дар бораи паёмадҳо мегӯем. Як мисоли мушаххас меорам. Нуриҳои минералие, ки дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешаванд, аз тангаи Ҳурмуз убур намекунанд. Истеҳсоли кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия аст. Пас чӣ гуна арзиш якбора боло рафт? Яъне, ба кишварҳои Осиёи Маркази аллакай таъсири худро расонд. Зеро тавлидгарони нуриҳои минералӣ мебинанд, ки дар бозори дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Бразилия арзиши нуриҳои минералӣ боло рафт, онҳо низ чунин мекунанд. Яъне, ин ҷо манфиат низ ҳаст. Ин ҳоло ибтидои таъсир аст. Ҳоло таъсири пурраро кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳис накардаанд.
Шикасти Чин, коҳиши эътимоди Амрико
– Коршиносон ҳадс мезананд, ки яке аз ҳадафҳои асосии танишҳои миёни Эрону Амрико маҳдуд кардани нуфуз ва рушди иқтисодии Чин аст…
– Бале чунин ҳам ҳаст. Зеро Чин аз ҳама бештар манфиатдори нафти Эрон аст. Нафти Эронро бо арзиши хеле паст мехарад. Ҳатто касе намедонад, ки он чанд аст. Ҳатто баъзан на ба ивази пул, балки бар ивази молу коло мубодила мекунад. Инчунин, нафти Эрон бо юан харидаву фурӯхта мешавад. Чин дар инфрасохтори Эрон ҳам саҳм мегузорад. Аксари сармоягузорони Чин дар ҳаводиси ахир зиён диданд. Ҳадафи Амрико ба зону задани рушди иқтисоди Чин аст. Зеро қобилияти харидории Чин аз Амрико гузаштааст. Бубинед, қабл аз сафаре, ки Президенти Амрико ба Чин дошт, ҳамин ҳодиса сурат гирифт.
– Барои кишварҳои хурду осебпазир, мисли Тоҷикистон, дар чунин шароити геосиёсӣ кадом сиёсати иқтисодӣ муҳим аст: захира намудани маҳсулоти стратегӣ, назорати бозор, диверсификатсияи воридот ё таҳкими амнияти энергетикӣ?
– Дар чунин шароит кишварҳое зиён мебинанд, ки вобастагии зиёд ба бозори ҷаҳон доранд. Вақте ки як давлати миллӣ зиёда аз 50 фисади эҳтиёҷоти дохилии бозори худро аз хориҷи кишвар ворид мекунад, осебпазир аст. Вақте ки як кишвар ҳамагӣ 10-20 фисади эҳтиёҷоти худро аз берун ворид мекунад, аз нигоҳи иқтисодӣ соҳибихтиёр аст. Зеро иқтисод таъин ва муайянкунандаи сиёсат аст.
Ҳамчунин, дар танишҳои ахир миёни Амрико ва Эрон кишварҳое осеб мебинанд, ки истеҳсол ва захираҳои нафту газ ва нуриҳои минералӣ надоранд. Кишварҳое, ки маҳсулоти истеъмолии худ, масалан, гандум, равғани растанӣ, шакар ва ба ин монандро аз хориҷ ворид мекунанд, зиён мебинанд. Зеро арзиши ин намуд маҳсулот дар бозор боло меравад. Он чӣ имрӯз дар бозор ба фурӯш гузошта мешавад, захира ва ҳосили соли гузашта аст. Ҳосили имсола аллакай қимат мешавад. Хароҷоти сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ афзоиш меёбад. Дар натиҷа нархи ниҳоии нарх боло меравад.
Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ